Аз силикон дар меъда то сутунмуҳра: Ҷарроҳиҳои нодир дар Тоҷикистон

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкОперация по эндопротезированию грудного отдела аорты
Операция по эндопротезированию грудного отдела аорты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Табибони тоҷик дар давоми як соли охир ба амалӣ кардани ҷарроҳиҳое оғоз кардаанд, ки қаблан дар қаламрави Тоҷикистон гузаронда нашудаанд
ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҷарроҳиҳои нодиреро номбар кард, ки барои бори аввал дар ҷумҳурӣ гузаронда шудаанд.
Ба иттилои ин ниҳод, давоми як соли гузашта барои бори аввал аз ҷониби табибони тоҷик ҷарроҳиҳои нодир, аз қабили стентгузаронӣ ҳангоми омоси даврашакл ва экзофитии қисми кардиоэзофагеалии сурхрӯда гузаронда шуд.
Хитинэктомияи эндоскопӣ аз маҷрои умумии талхагузар ба воситаи дуоденоскоп, бурида гирифтани омоси трахея тавассути бронхоскоп, гузоштани баллони силиконӣ дар меъда дар мавриди тағйироти метаболикӣ ҳангоми бемории фарбеҳӣ аз амалиёти дигари табибон дар сол арзёбӣ шуданд.
Инчунин декомпрессия ва рафъи ногузариши рӯдаи ғафс бо колоноскоп ҳангоми тобхӯрии шадиди рӯдаи сигмашакл амалӣ гардидаст.
Хирурги на операции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2022
Нахустин ҷарроҳии ҷудо кардани "дугоникҳои сиамӣ" дар Тоҷикистон: духтарча зинда монд
Вазорат зикр намудаст, ки дар соҳаи ҷарроҳии қафаси сина бори аввал ҷарроҳии кифосколиозҳои қисмати қафасисинагии сутунмӯҳра, дараҷаи вазнин, усули дискотомияи фонашакли коррексионӣ, бо фиксатсияи транспедикулярии трансторакалӣ гузаронда шуд.
Амалиёти симултантӣ, торакоскопия, эхинококэктомияи шуши рост ва лапароскопия, эхинококэктомияи ҷигар, стентгузории трахея чун марҳилаи аввали табобати беморони гирифтори носури сурхрӯдаву бронхиалӣ аз иқдоми дигари нави табибони тоҷик муаррифӣ шуданд.
Реканализатсия, бужгузаронӣ ва стентгузории қисмати тангшудаи гранулятсионии трахея, рафъи эндоскопии омоси ковокии бронх, рафъи омоси миёнадевори болоӣ бо резексия ва протезкунонии вариди болоии холӣ низ бори аввал дар Тоҷикистон гузаронида шуданд.
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, бо ворид намудани технологияи ҷадид ва такмили малакаи табибони тоҷик хадамотеро дар ҷумҳурӣ ироа мекунанд, ки қаблан танҳо дар хориҷ амалӣ мегардиданд.
Лентаи хабарҳо
0