Даргузашти профессори дорусози тоҷик

© Sputnik / Андрей СтенинҶаноза. Акс аз бойгонӣ
Ҷаноза. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар шаҳри Душанбе бо дорусози маъруфи тоҷик видоъ карданд, ки саҳмаш дар рушди соҳаи фармасевтии Тоҷикистон бузург арзёбӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Яке аз аввалин олимони бахши дорусозии Тоҷикистон, профессор Давлат Халифаев даргузашт.
Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо таъйиди даргузашти профессор Халифаев ба наздикону шогирдонаш сабри ҷамил хостааст.
Маросими видоъ бо профессор дар маҳаллаи маъруф бо "Водонасосний"-и шаҳри Душанбе баргузор гардид.
"Марҳум дар рушди соҳаи дорусозӣ ва назорати сифати он, тарбияи кадрҳои баландихтисос саҳми арзандае гузошта буд", - омадааст дар номаи ҳамдардии мақомоти тандурустӣ.
Свечка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2023
Даргузашти Насим Раҷаб, адиби наврасону кӯдакон
Профессор Халифаев солҳои охир ба ҳайси профессори кафедраи технологияи фарматсевтии Донишгоҳи далватии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино фаъолият дошт.
Ӯ аз ҷумлаи саромадагони соҳаи дорусозии Тоҷикистон мебошад, ки дар саргаҳи ташкили факултаи фармасевтии Донигоҳи давлатии тиббии кишвар қарор дошт.
Аз самтҳои таҳқиқоташ коркарди маводи доруворӣ дар асоси растанӣ, ҳайвонот, минералҳо ва маводҳои сунъию таъсири ҳаҷму технологияи коркардашон ба хусусиятҳои биофармасевтии онҳо арзёбӣ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0