Бунёди 124 муассисаи тандурустӣ ва тақдими 115 мошини ёрии таъҷилӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевЦеремония передачи Россией автомобилей скорой медицинской помощи Таджикистану
Церемония передачи Россией автомобилей скорой медицинской помощи Таджикистану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бурду бохти соҳаро дар соли 2022 баррасӣ карда, нақшаҳо барои соли 2023-ро муайян намудаст
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Дар давоми соли 2022 аз ҳамаи сарчашмаҳо дар Тоҷикистон 124 муассисаи тандурустӣ сохта шуд, иттилоъ дод Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла 101 муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, 16 муассисаи госпиталӣ ва 7 муассисаи хусус бунёд шудаанд.
Таъкид шудааст, ки феълан дар 65 муассисаҳои тандурустӣ, аз ҷумла 3 муассисаи хусусӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Дар баробари ин 404 муассиса аз таъмири асосӣ бароварда шуда, дар 179 адади дигар таъмир идома дорад.
Гиёҳи маъруф ба шираи камол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.01.2023
Миллионҳо доллар даромад аз фурӯши шираи камоли Тоҷикистон ба хориҷа
Дар мавриди таъминот бо таҷҳизоти муосир ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ, иттилоъ дода шуд, ки бо ин мақсад беш аз 187 млн сомонӣ равона гардидаст.
Инчунин ҳисобот дода шуд, ки тайи як соли охир 115 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ ба муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ дастрас карда шуд.
Аз он ҷумла 6 адад ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 50 адад ба вилояти Хатлон, 28 адад ба вилояти Суғд, 12 адад ба шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, 16 адад ба шаҳри Душанбе ва 2 адад ба муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ дастрас гардид, омадааст дар иттилоияи Вазорати тандурустӣ.
Лентаи хабарҳо
0