Дар ҷануби Қазоқистон қатораҳо бо гандум барои Тоҷикистон чаппа шуданд – видео

© Sputnik / Петрусов Георгий / Гузариш ба медиабонкУрожай пшеницы. Архивное фото.
Урожай пшеницы. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2023
Обуна шудан
Дар Қазоқистон қаторе, ки гандум барои Тоҷикистон мебурд дучори садама шуд. Ҳашт вагон чаппа шуда як қисми гандумҳо ба замин рехтаанд
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Дар истгоҳи Манкент (ҷануби Казокистон) вагонхои қатораи боркаши гандум аз хатти роҳи оҳан берун баромада чаппа шуданд рафтанд, иттилоъ додааст хабаргузории “ElDala.kz”.
Ба иттилои ин расона ғаллае, ки дар ин вагонҳо буданд бояд ба Тоҷикистон соирот мешуданд.
Таъкид шудааст, ки ҳангоми чаппа шудани вагонҳо як қисми гандум ба замин рехтааст.
Аз рӯи ин ҳодиса аз сӯйи Роҳи оҳани Қазоқистон комиссияи вижаи таъсис дода шудааст.
“Аз хатти роҳи оҳан берун шудани вагонҳо ба ҳаракати қаторҳои дигар таъсир нарасонд. Барои рафъи оқибатҳои баромадани вагонҳо аз хатти роҳи оҳан қатораи барқароркунандаи аз истгоҳҳои Чимкент ва Арыс ҳозири ҷойи ҳодиса шуданд”, - иттилоъ додаанд масъулини Роҳи оҳани Қазоқистон.
Манбаъ хабар додааст, ки ин дувумин чунин ҳодиса дар ҳафтаҳои ахир аст. 28 декабрь дар назди истгоҳи роҳи оҳан Қарабасии вилояти Караганда 19 вагони ғалла аз хатти роҳ баромада буд. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, хисороти садама ба 1 миллиард танга тахмин зада мешавад.
Лентаи хабарҳо
0