Буҷаи Тоҷикистон дар соли 2023 барои чӣ ҳазина мешавад

Обуна шудан
НовостиTelegram
Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли 2023 беш аз 38 миллиард сомонӣ хоҳад шуд. Маблағ барои чӣ сарф мешавад - дар инфографикаи Sputnik Тоҷикистон
Тибқи маълумот дар қонуни Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатии соли 2023, хароҷоти он 38,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба як соли қабл 13,3% бештар аст.
Аксари маблағҳо, аниқтараш 7,2млрд сомонӣ барои эҳтиёҷоти соҳаи маориф ҷудо карда мешавад. Дар муқоиса бо соли 2022 хароҷот ба ин соҳа қариб 15% зиёд мешавад.
Дар ҷои дуюм бахши сӯзишворию энергетикӣ меистад. Дар соли 2023 хароҷоти пешбинишуда 0,52 фоиз кам шуда, 5,99 миллиард сомониро ташкил дод.
Иҷро ва тасдиқи буҷаи соли оянда: Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ҷамъ меояд
Дар сохтори буҷети давлатӣ дар баробари маориф дигар ҷузъҳои соҳаи иҷтимоӣ низ мавқеъи назаррасро ишғол мекунанд. Давлат барои суғуртаи иҷтимоӣ 4,9 млрд сомонӣ, тандурустӣ 3,3, маданият ва спорт 1,5 млрд сомонӣ харҷ мекунад. харч мекунад.
Зимнан, барои мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кори судҳо қариб 3 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ба соҳаҳое чун нақлиёту алоқа, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои муҳим аз буҷаи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ихтисос дода мешавад, аз тасвирбаёни омоданамудаи Sputnik Тоҷикистон бубинед.
Лентаи хабарҳо
0