Дар Самара муҳоҷиронро моякӯбӣ мекунанд

© AP / Mukhtar KhanПандемия в Индии
Пандемия в Индии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар вилояти Самара вазъи эпидемиологӣ номусоид буда, бинобар ин дар минтақа моякӯбӣ алайҳи бемории сурхакон эълон шудааст
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Муҳоҷирони корӣ ва ҳамчунин тамоми кормандони муассисаҳои тиббии давлатӣ ва хусусии вилояти Самара зидди бемории сурхакон моякубӣ мешаванд.
Дар вилоят вазъи номусоиди эпидемиологӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз санади имзонамудаи сардухтури санитарии вилоят Светлана Архипова бармеояд.
Гуфта мешавад, ки соли 2021 дар ин минтақа чунин сироят ба қайд гирифта нашудааст ва ҳоло бештар афроде, ки ваксина шуда буданд, бемор мешаванд.

"Барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии бемории хатарнок чораҳои иловагии санитарию зиддиэпидемиявӣ ва моякӯбӣ алайҳи сурхакон зарур аст", - гуфт манбаъ.

Архипова ба ҳукумати вилоят тавсия додааст, ки барои харидории ваксинаи зинда маблағ ҷудо карда, сокинони вилоят ва шаҳрвандони хориҷиро, ки қаблан ба бемории сурхакон гирифтор нашудаанд ва ваксина нагирифтаанд. моякӯбӣ шаванд.
Муҳоҷирон дар Русия аз бемории хатарнок моякӯбӣ мешаванд
Ёдовар мешавем, ки сурхакон як бемории шадиди сироятӣ буда, сатҳи баланди сироятӣ дорад. Аломатҳо дар марҳилаи ибтидоӣ: заъфи умумӣ ва дарди бадан; ҳарорати бадан то 38-40°C ва пас аз муддате марҳилаи навбатӣ - давраи доғҳо оғоз меёбад.
Пас аз мубтало шудан ба бемории сурхакон, шахс метавонад рӯйхати васеи мушкилотро аз сар гузаронад. Онҳое, ки ҳеҷ гоҳ ба бемории сурхакон гирифтор нашудаанд, инчунин кӯдакони аз яксола ва 5-сола зери хатар қарор доранд.
Лентаи хабарҳо
0