Дар Тоҷикистон барфи шадид меборад

Снегопад в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ боришоти бошиддати барф дар назар аст. Ҳамчунин дар минтақаҳои кӯҳӣ фаромадани тормеғ пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Рӯзи 10 ва шаби 11 январ дар Тоҷикистон боришоти шадиди барф дар назар аст, ҳушдор медиҳад Оҷонсии обуҳавошиносӣ.
Бар хабари манбаъ, дар ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳӣ ва ағбаҳо ҳамчунин фаромадани тормеғ пешгӯӣ мешавад.
Манбаъ меафзояд, дар ВМКБ аз ҳама беш дар ноҳияи Дарвоз боришоти пуршиддати барф сурат мегирад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят рӯзона 2-7 ва шабона 18-23 дараҷа сардшавии ҳаво дар назар аст.
Ҳавои вилояти Суғд низ барфиву боронӣ мешавад. Дар аксар ноҳияҳои кӯҳӣ тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 рӯзона 0-5 дараҷа хунук хунук мешавад.
Электрообогреватель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2023
КҲФ: Дар сардиҳо қоидаҳои бехтарии сӯхторро риоя намоеду неруи барқро сарфа кунед
Дар вилояти Хатлон низ ҳавосанҷон айнан чунин вазъи ҳаво пешгӯӣ мекунанд. Рӯзона ҳаво то 5 дараҷа гарм, вале шабона то 5 дараҷа сард мешавад.
Дар навоҳии атрофи Душанбе шамоли сахт мевазад. Боришоти барфу борони шадид низ дар назар аст. Рӯзона ҳаво аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм ва шабона 5 дараҷа хунукӣ дар назар аст.

Дар Душанбе борон бо гузариш ба барф бошиддат меборад. Шамол дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 9-14 метр дар як сония мевазад. Шабона 2 дараҷа хунук ва рӯзона 1-3 дараҷа ҳаво гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0