Пешгӯии барфрезии шадид ва сардиҳо дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевЗима в городе Душанбе
Зима в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2023
Обуна шудан
Дар робита ба сардиҳо КҲФ аз сокинони кишвар хостааст, ки аз эҳтиёт кор бигиранд ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва зиддисӯхториро риоя кунанд
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Сокинони Тоҷикистонро барфи бошиддат ва сардиҳо интизор аст.
Ба гузориши Агентии ҳавосанҷии кишвар дар ВМКБ ҳаво абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят барф меборад. Шабонаи дар баъзе ноҳияҳо бошиддат меборад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 16 то 24 дараҷа хунук, рӯзона аз 9 то 15 дараҷа хунук, дар шарқи вилоят шабона 18-23 дараҷа хунук, рӯзона 4-9 дараҷа хунук мешавад.
Суғдро низ барфрезӣ мунтазир буда, шабона пуршиддат мешавад ва тормеғ низ мефарояд.
Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония мевазад.
Электрообогреватель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2023
КҲФ: Дар сардиҳо қоидаҳои бехтарии сӯхторро риоя намоеду неруи барқро сарфа кунед
Дар водиҳо шабона ҳаво аз 12 то 17 ва рӯзона 6-11 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 17 то 24, рӯзона аз 11 о 17 дараҷа хунук мешавад.
Вилояти Хатлонро низ барфрезиву фаромадани тормеғ интизор аст.
Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо барфи бошиддат борида, тормеғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона аз 10 то 16, рӯзона 3-8 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 15 то 23 ва рӯзона аз 9 то 16 дараҷа хунук мешавад.
Пойтахтро низ барфи бошиддат интизор буда, ҳаво шабона 5-10 дараҷа сард ва рӯзона 3+5 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0