Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе -Хуҷанд ва ҳушдори такрории КҲФ

© Sputnik / Павел ЛисицынМашина скорой помощи, архивное фото
Машина скорой помощи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ба гузориши ширктаи нигоҳбони роҳ IRS, масири мазкур бо талошҳои беисти кормандон ҳоло танҳо барои як тараф ва барои мошинҳои сабукрав боз шудааст
ДУШАНБЕ, 11 янв— Sputnik. Дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, воқеъ дар ноҳияи Варзоб садамаи маргбор рух додааст.
Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ҳодиса зуҳри 10 январ дар дар километри 53-юми шоҳроҳ рух дод.
Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел Зафира" ҳангоми ҳаракат аз Душанбе ба самти Хуҷанд, идораро аз даст дода, ба бушкаи автомашинаи интиқолдиҳандаи гази моеъ бархӯрдааст.
Дар натиҷаи ин садама шаш нафар мусофирон ҷароҳат бардоштаанд.
Электрообогреватель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2023
КҲФ: Дар сардиҳо қоидаҳои бехтарии сӯхторро риоя намоеду неруи барқро сарфа кунед
Кормандони КҲФ онҳоро аз мошини харобшуда берун оварда, ба беморхонаи ноҳияи Варзоба бурданд, аммо бар асари захмҳо дар роҳ ба бемористон як тан аз онҳо ҷон додааст.
Сабабҳои садамаро мақомоти интизомии кишвар таҳқиқ мекунанд.
Дар робита ба ин, КҲФ бори дигар ба ронандагон муроҷиат намуда, аз онҳо хоҳиш мекунад, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, хусусияти роҳи зимистонро ба инобат гиранд ва ҳаёти худ ва атрофиёнро зери хатар нагузоранд!
Маврид ба зикр аст, ки як рӯз қабл ширкати IRS хабар дода буд, ки дар ин масир танҳо давоми як соат 30 тарма фаромадааст.
Дар робита ба пешгӯии сармо ва барфрезии шадид то охири ҳафта, КҲФ низ аз ронандагон хост аз сафар худдорӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0