Таъйини раиси нави Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон

© Sputnik / Стас ЭтвешГиссарская крепость, архивное фото
Гиссарская крепость, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар мақомҳои роҳбарии Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби президенти кишвар тағйироти кадрӣ роҳандозӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 11 янв – Sputnik. Муминзод Камолиддин Рамазон раиси нави Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон таъйин шуд.
Қарори ҳукумат дар ин бораро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имзо намуд. Муминзод то ҳол муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии кишвар буд.
Бо қарори дигари ҳукумат, Ҷӯразода Тоҷиддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Кумитаи рушди сайёҳии кишвар озод гардид. Ӯ дар ин мақом аз моҳи ноябри соли 2020 фаъолият дошта, дар мавриди ҷойи нави корияш иттилоъ дода нашудааст.
Камолиддин Муъминзод, зодаи соли 1984 буда, соли 2006 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи ҳуқуқшиносиро бо дипломи аъло, соли 2012 Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия факултаи "Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит"-ро хатм кардааст.
Возобновление авиасообщения между Россией и Турцией - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2023
Роҳандозии низоми нав барои ҷамъоварии омори сайёҳон дар Тоҷикистон
Дар гузашта дар сохторҳои Вазорати маориф, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҷавонону варзиш ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия кор кардааст. Аз соли 2020 то ҳол муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ буд.
Тағйирот дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон рушди сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ мешавад.
Бар асоси омори расмӣ, дар 5 соли охир ба Тоҷикистон беш аз 3,9 млн нафар, аз ҷумла соли 2022-юм 1 млн сайёҳ ворид гардидаанд.
Таъкид мешавад, ки барои пешниҳоди хизматрасонӣ ба сайёҳон тайи солҳои охир беш аз 600 ва танҳо соли 2022-юм 100 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0