Интиқоли пул осон мешавад: Бозгашти “Золотая Корона” ба бозори молиявии Тоҷикистон

© Sputnik Денежные переводы с помощью "Золотой Короны"
Денежные переводы с помощью Золотой Короны  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2023
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон ба оператори низоми пардохтии “Золотая Корона” барои фаъолият дар панҷ соли оянда иҷозатнома додааст
ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Ташкилоти қарзии ғайрибонкии ҳисоббаробаркунии “Платёжный Центр”, ки мутобиқи қонунгузории Русия таъсис ёфта, амал менамояд, барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Золотая Корона” ба муҳлати 5 (панҷ) сол иҷозатнома дода шуд.
Дар ин бора дафтари матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, қарори раёсати бонк дар ин бора 10 январи соли 2023, ба имзо расидааст.
Иҷозатнома мутобиқи моддаи 14 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, моддаи 18 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва дар асоси моддаи 77 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” дода шудааст.
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.01.2023
Афзоиши интиқоли пул аз Русия ба Мастчоҳ аз сӯи муҳоҷирони корӣ
Дар ҳамин ҳол, тибқи қарори мазкур идораи низоми пардохт уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабти дахлдорро ворид намояд.
Ёдовари мекунем, ки соли 2020 фаъолияти “Золотая корона” дар қаламрави Тоҷикистон манъ шуда буд.
Он замон муовини аввали раиси Бонки миллӣ Ҷамолиддин Нуралиев иддао дошт, ки "Золотая корона" бо дар ихтиёр доштани ҳаҷми зиёди интиқоли пул ба Тоҷикистон тамоми имкониятҳоро дошт, ки дар як рӯз вазъи иқтисодӣ-иҷтимоии кишварро муташанниҷ кунад.
Вай гуфт, ки ба ҷумҳурӣ дар як рӯз аз 250 то 300 миллион рубл маблағ интиқол мешавад ва дар даст доштани 82 дарсади бозори интиқоли пул аз сӯи низоми “Золотая корона” барои кишвар хатари ҷидди дорад.
“Худо накарда ягон нуқси техникиӣ мешуд, тамоми низоми бонкии кишвар зарар медид”, - гуфт ӯ.
Муовини аввали раиси Бонки миллӣ, ҳамчунин зимни нишасти матбуотӣ афзуд, ки маблағ барои афроде, ки дар Данғара моҳи июли соли 2018 даст ба куштори сайёҳон заданд, тариқи "Золотая корона" ба Тоҷикистон интиқол шуда буд.
Первый Зампред Нацбанка РТ Джамолиддин Нуралиев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2020
Ҳушдори Нуралиев аз “Золотая корона”: дар як рӯз метавонист, вазъро муташанниҷ кунад
“Ба панҷ нафаре, ки дар Данғара амалиёти террористӣ анҷом доданд, ва дар натиҷаи он панҷ сайёҳони хориҷӣ ба ҳалокатт расид, тариқи низоми интиқоли пули “Золотая корона” маблағ фиристода шуда буд”, гуфт Нуралиев.
Муовини аввали раиси БМТ таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир “Золотая корона” пура ба талабот ҷавобгӯ нест.
Вай гуфт, ба хотире, ки ҳаҷми интиқолаш зиёд буд назорати маблағҳои интиқолдодашуда низ хуб ба роҳ монда нашуда буд.
Лентаи хабарҳо
0