Лағви пурраи "лимит"-и барқ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Петр Чернов / Гузариш ба медиабонкЛампа накаливания и энергосберегающая лампочка.
Лампа накаливания и энергосберегающая лампочка. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2023
Обуна шудан
Сокинони Тоҷикистон барои бемамониат гузаронидани сардтарин рӯзҳои зимистон доимӣ барқ дастрас хоҳанд кард. Дар ин бора дастури президент содир шудааст
ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Лимит ё ба истилоҳ реҷаи маҳдуди интиқоли барқ дар Тоҷикистон пурра лағв шуд.
Ҳамакнун ба сокинони Тоҷикистон бидуни маҳдудияти шабонарӯзи нерӯи барқ дода мешавад.
Ба гуфтаи муовини вазириэнергетика ва захираҳои оби кишвар Холмаҳмадзода Сорбон дастури лағви "лимит" аз ҷониби раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 11 январ сурат гирифтааст.
Ба таъкиди Холмуродзода, иқдоми президент барои бемамониат паси сар намудани рӯзҳои сард дар кишвар сурат гирифтааст.
Эмомалӣ Раҳмон ширкати “Барқи тоҷик”-ро вазифадор кардааст, ки бо истифода аз тамоми захираву имконият неруи барқро дар тамоми қаламрави мамлакат бемаҳдуддият таъмин намояд.
Таджикистан и Афганистан подписали соглашение о поставках энергии на 2023 год. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2023
Созиши Душанбею Кобул дар мавриди содироти нерӯи барқ ​​барои соли 2023
Дар баробари ин Вазорати энергетика ва захираҳои об аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки барқро сарфакорона ва мақсаднок истифода намоянд, зеро дар сурати ғайр ба сарбории шабакаҳои барқӣ, тарансформаторҳо ва садамаҳо дар системаи энергетикаи ҷумҳурӣ оварда мерасонад.
Бино ба гузориши ҳавосанҷон барфрезӣ, яхбандӣ ва то 25 дараҷа хунукӣ дар кишвар то 15 январ боқӣ мемонад.
Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон, дар як мулоқот бо фаъолону сокинони шаҳри Норак гуфта буд, ки бо истифода аз рӯзҳои мусоид дар кишвар маҳдудияти ҷорӣ шуд, ки он ба хотири дар фасли сармо бо барқ пурра таъмин намудани аҳолӣ сурат гирифт.
Ахиран президент зимни паёми солонааш таъкид кард, ки бори аввал дар таърихи Тоҷикистон истеҳсоли неруи барқ беш аз 21 миллиард киловат – соатро ташкил дод.
Лентаи хабарҳо
0