Шашгонике, ки дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омаданд, фавтиданд

© Григорий ВасиленкоНоворожденный в отделении выхаживания недоношенных детей
Новорожденный в отделении выхаживания недоношенных детей  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар Тоҷикистон аввалин маротиба таваллуди шашгоник дар вилояти Суғд сабт шуд, аммо бинобар сабаби бамаҳал ба дунё омадан, дер назистанд
ДУШАНБЕ, 12 янв - Sputnik. Дар Хуҷанд таваллуди шашгоникҳо ба фоҷеа табдил ёфт. Ҳеҷ яке аз тифлони шашмоҳаи бармаҳал зодашуда зинда монда натавонист.
Бино ба иттилои хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз таваллудхонаи вилоятии Хуҷанд, ҳамаи тифлон рӯзи 11 январ ба дунё омадаву пас як рӯз даргузаштанд.
"Кӯдакон пагоҳии рӯзи 12 январ фавтиданд. Онҳо шаш моҳа таваллуд шуданд ва вазнашон 600-700 грамм буд", - гуфт манбаъ.
Модари шашгоник - ду писар ва чор духтар, ки дар беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд ба дунё омаданд, Муборак Соҳибоваи 26-сола, сокини ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад.
Кӯдакони панҷгоник дар таваллудхонаи Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.01.2023
Ҳоли панҷгоникҳои тоҷик, ки 2-сола шуданд: Падар дар муҳоҷирату модар аз масъулият гуфт
Дар аввал вазъи саломатии кӯдакон ва модари онҳо мӯътадил арзёбӣ шуд. Кӯдакони навзод дар шӯъбаи эҳёгарӣ ҷойгир карда шуданд.
Баъдтар маълум шуд, ки ҳамаи шаш кӯдак фавтидаанд.
Ба гуфтаи пизишкон, сабаби аслии марги онҳо, таваллуди бармаҳал ва камвазнӣ аст.
Лентаи хабарҳо
0