Раисҷумҳури аввали Қазоқистонро аз унвони сенатори ифтихорӣ маҳрум карданд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПервый президент Республики Казахстан Нурсултан Назарбаев
Первый президент Республики Казахстан Нурсултан Назарбаев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Мақомоти Қазоқистон унвони сенатори ифтихориро лағв кард. Раисҷумҳури пешин Нурсултон Назарбоев аз мақомоаш маҳрум шуд
ДУШАНБЕ, 12 янв - Sputnik. Раисиҷумҳури аввали Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз мақоми сенатори фахрӣ маҳрум шуд, гуфт раиси палатаи болоии порлумони ин кишвар Маулен Ашимбоев.
"Мо унвони сенатори фахриро аз муқаррароти худ хориҷ кардем. Ҳамаи ин амалҳо дар пайи натоиҷи раъйпурсии умумихалқӣ сурат мегиранд", - тавзеҳ дод ӯ.
Раиси палатаи болоии парлумони Қазоқистон ҳамчунин гуфт, ки рӯзи 13 январ вакилон дар ҷаласаи муштараки палатаҳо лоиҳаи қонун дар бораи беэътибор донистани қонуни конститутсионӣ дар бораи президенти нахустини ҷумҳурӣ Элбасӣ (пешвои миллат)-ро баррасӣ хоҳанд кард.
Назарбоев, ки тақрибан 30 сол Қазоқистонро раҳбарӣ мекард, 20 марти соли 2019 аз мақоми раисиҷумҳур истеъфо дод.
Премьер-министр Казахстана Карим Масимов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2022
Назарбоев дар бораи ҳабси Масимов: Магар Исо медонист, Яҳудо хиёнаткор аст
Ба ин мақом Қосим-Ҷомарт Тоқаев, ки қаблан раиси Сенат буд, интихоб шуд. Дар маросими савгандёдкунӣ ӯ изҳор дошт, ки ба Назарбоев додани мақоми сенатори фахриро зарур медонад.
Дар Қазоқистон тобистони соли гузашта тариқи раъйпурси ба сарқонуни ин кишвар тағйироту иловаҳо ворид карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0