Оши гарм дар рӯзи сард: Хайри раиси ноҳия барои кормандони роҳу хоҷагиҳои коммуналӣ

© Дафтари матбуоти ҳукумати МастчоҳОши таҳиянамудаи ҳукумати Мастчоҳ барои роҳдорону хоҷагиҳои коммуналӣ дар рӯзҳои сарди зимистон
Оши таҳиянамудаи ҳукумати Мастчоҳ барои роҳдорону хоҷагиҳои коммуналӣ дар рӯзҳои сарди зимистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2023
Обуна шудан
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ бо таҳияи оше хостааст, аз заҳмати роҳдорон дар рӯзҳои сарду барфӣ қадрдонӣ намояд
ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ меҳнати кормандони идораи роҳдорӣ ва хоҷагии манзилию коммуналиро қадрдонӣ намуда, барои онҳо, оши палав дастрас кардаст.
Дастури расонидани ғизои гарм аз ҷониби раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода содир шудааст.
Таъкид шудааст, ин иқдом бо ҳадафи қадршиносии кормандони идораи роҳ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва шабакаҳои барқ аст, ки новобаста аз сардиҳои шадид аз субҳ то шом, ҳолати бехатариии ҳаракати роҳҳоро назорат намуда, барои пешгирии садамаҳо дар роҳҳо ба пошидани регу намак машғуланд.
© Дафтари матбуоти ҳукумати МастчоҳОши таҳиянамудаи ҳукумати Мастчоҳ барои роҳдорону хоҷагиҳои коммуналӣ дар рӯзҳои сарди зимистон
Оши таҳиянамудаи ҳукумати Мастчоҳ барои роҳдорону хоҷагиҳои коммуналӣ дар рӯзҳои сарди зимистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2023
Оши таҳиянамудаи ҳукумати Мастчоҳ барои роҳдорону хоҷагиҳои коммуналӣ дар рӯзҳои сарди зимистон
Сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Мастчоҳ, Давронбек Миров, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон расонидани гарм аз ҷониби ҳукуматро таъйид намуд.
“Барои мо ғайриинтизор аз ҷониби ҳукумат оши палав дастрас карда шуд. Ингуна қадр намудани меҳнати мо роҳдорон ростӣ ғайриинтизор буд” - афзуд Миров.
Бино ба иттилои манбаъ, ба ҳисоби гурӯҳи роҳдорон, таъоми омоданамудаи ҳукумат ба 200 нафар кормандони идораҳои манзилию коммуналӣ ва барқ расонида шудааст.
Снегопад в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2023
Байдуллоева замони анҷоми сардию барфи шадид дар Тоҷикистонро гуфт
Сардори Муассисаи нигоҳдории роҳҳо афзуд, ки дар идораи онҳо беш аз 30 нафар кор мекунанд. Дар пайи барфрезӣ онҳо ҷадвали навбатдорӣ тартиб додаанд, ки шому саҳар ба пошидани маводи зидди лағжиш ва рубучини роҳҳо машғуланд.
Ба иттилои ин ниҳод дар Мастчоҳ ҳудуди 126 км роҳҳо мавҷуданд, ки қисме аз он аҳамияти байналмиллалӣ дорад. Масъулони Идораи роҳдорӣ мегӯянд, барфрезиҳо ва фарорасии сардиҳои шадиди рӯзҳои охир, кори онҳо мушкил намудааст.
Лентаи хабарҳо
0