Сафири Русия бо шаҳрдории Душанбе рақамисозии пойтахтро баррасӣ кард

Компьютеры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Сафири Русия дар Тоҷикистон ва муовини аввали раиси шаҳри Душанбе рушди ҳамкорӣ дар лоиҳаҳои бахши фанноварии пойтахтро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Дурнамои ҳамкориҳо дар бахши рақамисозӣ аз масоили меҳварии мулоқоти сафири Русия дар Тоҷикистон, Семён Григорев бо муовини аввали раиси шаҳри Душанбе, Ҷамшед Табарзода будаанд.
Ба иттилои сафорати Русия дар Тоҷикистон, Григорев бо Ҷамшед Табарзода дар бораи иштироки ширкатҳои IT-и Русия дар татбиқи барномаҳои шаҳрдории Душанбе дар бахши идораи рақамӣ суҳбат кардаанд.
Рақамисозии идора бахшҳоши гуногун аз ҳаракати нақлиёт то назорати вазъи роҳ ва кори муассисаҳои коммуналиро дар бар мегирад.
Илова бар ин, ҷонибҳо дурнамои минбаъдаи ҳамкориҳои пойтахти Тоҷикистон ва бародаршаҳрҳои он – Маскав ва Санкт-Петербургро дар соҳаи фарҳангу маърифат баррасӣ карданд.
 Посол России в Таджикистане Семен Григорьев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2022
Сафири Русия: муҳоҷират бояд қонунӣ ва муташаккил бошад
Таъкид шудаст, ки ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва байнишаҳрӣ ҷузъи муҳими шарикӣ ва иттифоқи стратегии Русия ва Тоҷикистон мебошад. Мусоҳибон ба густариши робитаҳо дар соҳаи гуманитарӣ, бахусус, дар масъалаҳои маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд.
Гуфта мешавад, ки мулоқоти сафири Русия ва муовини раиси шаҳри Душанбе дар фазои гарми корӣ сурат гирифт.
Ин мулоқот дар ҳолест, ки қаблан гуфта мешуд, эҳтимол яке аз ширкатҳои бузурги рақамӣ - Яндекс фаъоолияташро дар Тоҷикистон оғоз кунад. Аз ҷумла гуфта мешуд, ки дар Душанбе мусофирбарҳои "Яндекс.Такси" метавонанд ба фаъолият оғоз намоянд.
Лентаи хабарҳо
0