Вокуниши Ҳикматиёр ба инфиҷор дар муқобили вазорати хориҷаи Афғонистон

© Sputnik / JAKГулбуддин Хикматияр, глава исламской партии Афганистан
Гулбуддин Хикматияр, глава исламской партии Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ба гуфтаи раҳбари ҳизби исломии Афғонистон “салибиҳо” (яъне кишварҳои Ғарб) дар идомаи ишғолгариҳои худ ин ҳамалотро роҳбарӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Раҳбари ҳизби исломии Афғонистон Гулбудини Ҳикматёр дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст, ки "салибиҳо" ( яъне кишварҳои ғарб ) ба ишғоли худ идома медиҳанд, ҷанг бо онҳо поён наёфта балки фақат шакли дигаре ба худ гирифтааст.
Агар ДОИШ* омили ҳамла террористӣ бошад, авомили онро бояд дар миёни кишварҳое ҷустуҷӯ кард, ки сарбозонишон яку ним сол пеш Афғонистонро тарк карданд.
Ҳикматёр барои мубориза бо ин таҳдид пешниҳод мекунад иқдомотеро барои тазмини эмин ва фаъолияти сервисҳои вижа, муҷозоти афроди даргир ва таблиғи байналмилалии ин парванда тақвият кунад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар муқобили бинои Вазорати умури хориҷии Афғонистон амалӣ террористӣ сурат гирифт, ки боиси куштаву захми шудани даҳҳо нафар шуд .
Боевики движения Талибан на месте взрыва в Сикхском храме в Кабуле, Афганиста - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.01.2023
Афғонистон барои шашумин бор унвони ноамнтарин кишвари ҷаҳон баргузида шуд
Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи “Ассосейшед Пресс” ахиран гузориш дод ки аъзои созмони террористии ДОИШ* масъулияти инфиҷориро ки дар 11 январ дар вурӯдии вазорати хориҷаи Афғонистон ба вуқуъи пайваст, бар ӯҳда гирифтанд.
Хотирнишон мешавад, ки омили интиҳории замоне худро мунфаҷир кард, ки кормандони ин вазорат аз сохтимони ин идора аз дарвозаи аслӣ хориҷ шуданд.
Дар натиҷаи ин инфиҷор даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд.
* - Созмони террористии мамнӯъ дар Русия
Лентаи хабарҳо
0