ФИФА исми беҳтарин футболбозонро эълон кард

© Sputnik / Grigory Sysoev / Гузариш ба медиабонкИгрок сборной Аргентины Лионель Месси на церемонии награждения победителей чемпионата мира по футболу
Игрок сборной Аргентины Лионель Месси на церемонии награждения победителей чемпионата мира по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2023
Обуна шудан
Федератсияи Ҷаҳонии Футбол номзадҳои бартаринҳои футболи ҷаҳон дар соли 2022 - ро ба номи ҷоизаи “THE BEST” муаррифӣ кард
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Номзадҳои ҷоизаи ФИФА бо унвон “THE BEST” эълом шуданд, дар ин борас сомонаи расмии FIFA хабар додааст.
Ин номзадҳо дар ҳоле эълом шуданд, ки ахиран Лионел Месси футболбози тими Аргентина бо тавваҷуҳ ба қаҳрамонии тимаш дар Ҷоми Ҷаҳонии Қатар, зиёдтарин шонсро барои дарёфти ҷоизаи беҳтарин бозикуни сол дорад.
Барандагон дар маросиме, ки авохири соли ҷории мелодӣ баргузор хоҳад шуд, муаррифӣ хоҳанд шуд.
Футбол. ЧМ-2022. Финальный матч - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2022
Ҷоми ҷаҳонро Месси Аргентина бурд. Мбапе беҳтарин нишонзани мусобиқот дониста шуд
Дар бахши номзадҳои беҳтарини бозикуни марди ФИФА номи бозикунҳое монанди Хулиян Алварес, Ҷууд Беллингҳем, Карим Бензима, Кевин де Брюйне, Эрлинг Ҳоланн, Ашраф Ҳакимӣ, Роберт Левандовский, Садио Мане, Килиан Мбаппе, Лионел Месси, Лука Мудрич, Неймар, Муҳаммад Салоҳ ва Винисиус Ҷуниор дида мешавад.
Дар листи номзадҳои беҳтарини мураббии мардони ФИФА ҳам Карло Анчелотти, Дидие Дешам, Пеп Гвардиола, Валид Реграги ва Лионел Скалони ҳузур доранд.
Лентаи хабарҳо
0