Раҳмон ва Ҷабборов масъалаи марзро баррасӣ карданд

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Кыргызстана Садыр Жапаров и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Кыргызстана Садыр Жапаров и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2023
Обуна шудан
Кишвардорони Тоҷикистону Қирғизистон пас аз мубодилаи барқияи шодбошӣ а муносибати 30-юмин солгарди муносибатҳои дипломатӣ, суҳбати телефонӣ ҳам анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов раисҷумҳурони Тоҷикистону Қирғизистон суҳбаи телефонӣ анҷом доданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти роҳбари давлат.
Ба иттилои манбаъ, роҳбарони ду давлат нахуст ҳамдигарро ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ шодбош гуфтанд.
Зимнан, дар ҷараёни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд.
"Ҷонибҳо аз мавқеъгирии созанда дар ҳалли тамоми масъалаҳои рӯзмарраи рӯзномаи дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон ва фаъолнокии раванди музокирот дар чорчӯби комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ҷонибдорӣ намуданд", - омадааст дар хабарнома.
Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов ҳамчунинм масъалаҳои алоҳидаи байналмиллалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Қирғизистон барқия ирсол кард
Қобили зир аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст. Ин номуайянӣ мунтазам боиси таниш мегардад, ки баъзан бо хунрезӣ мепечад.
Даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон нимаи моҳи сентябр авҷ гирифта, аз ҳарду ҷониб садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар сар задани ин даргирӣ муттаҳам мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0