Вазорати маориф таътили зимистонаро дарозтар кард: то кай

© Sputnik / Амир ИсаевДети катаются на снежной горке в Душанбе
Дети катаются на снежной горке в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2023
Обуна шудан
Қаблан ин ниҳод ба далели сасрдиҳо таътили зимистонаро то 16 январ тамдид карда буд. Ҳоло бо фармони нави вазир, таътил барои чанд рӯзи дигар дарозтар мешавад
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Таътили зимистона барои хонандагони макотиб ва муассисаҳои томактабӣ аз 16 ба 20 январ тамдид шуд, хабар медиҳад Вазорати маорифи кишвар.
"Бо дарназардошти сард омадани ҳаво ва бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон дар асоси фармоиши вазири маориф таътили зимистона то 20 январи соли 2023 тамдид карда шуд", - омадааст дар хабарномаи вазорат.
Манбаъ меафзояд, дарсҳо дар макотибу муассисаҳои томактабӣ аз 20 январ оғоз мешаванд.
Зикр гардид, ки соатҳои дарсии дар давоми таътил иҷронашуда тибқи ҷадвали алоҳидаи тасдиқгардидаи дарси иловагӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 аз ҳисоби таътили баҳорӣ ва тобистона ҷуброн карда мешавад.
Ин ниҳод сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру навоҳии атрофи пойтахтро уҳдадор намуд, ки ҷиҳати ба таътил баромадани хонандагон тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Снегопад в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2023
Байдуллоева замони анҷоми сардию барфи шадид дар Тоҷикистонро гуфт
Қаблан муовини мудири Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева хабар дод, ки ҳавои хунук дар Тоҷикистон то 25 январи соли равон идома хоҳад кард.
Ба маълумоти ӯ, аз 13 то 16 январи соли равон дар бештари ноҳияҳои водию доманакӯҳии ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво шабона то 24 дараҷа хунук, рӯзона то 13 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 24 ва рӯзона то 15 дараҷа хунук пешгӯӣ мешавад.
Дар ин рӯзҳо дар шоҳроҳҳои минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ яхбандӣ боқӣ мемонад, афзуд Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ҷамила Байдуллоева зикр кард, ки чунин ҳарорати сард Тоҷикистонро соли 2008 фаро гирифта буд. Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2008 ҳарорат шабона дар водиҳо аз 20 то 25 дараҷа хунук буд.
Лентаи хабарҳо
0