Тоҷикон дар ҳавопаймои суқуткардаи Непал набудаанд: Нашри феҳрасти мусофирон

© Марина МельникВид из иллюминатора пассажирского самолета, архивное фото
Вид из иллюминатора пассажирского самолета, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2023
Обуна шудан
Дар феҳрасти сарнишинҳои ҳавопаймои суқуткарда дар шаҳри Покхараи Непал 15 нафар шаҳрвандони хориҷӣ будаанд, иттилоъ доданд манобеи маҳаллӣ
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ширкати ҳавоии "Yeti Airlines" феҳрасти мусофирони ҳавопаймои суқуткардаро дар Непал нашр кардааст, ки ба иттилои мақомоти маҳаллӣ аксарияташон ба ҳалокат расидаанд.
Бар асоси феҳрасти нашршуда, аз миёни 68 мусофир 53 нафарашон непалӣ ва 15 нафари боқимонда атбои хориҷӣ будаанд. Дар миёни хориҷиён шаҳрвандони Тоҷикистон зикр нашудаанд.
Иттилоъ дода шудааст, ки миёни мусофирони хориҷӣ 5 нафарашон шаҳрвандони Ҳиндустон, 4 шаҳрванди Русия, 2 корягӣ ва якнафарӣ аз Ирландия, Аргентина, Австралия ва Фаронса будаанд. Дар феҳрасти мусофирон ҳамчунин аз 3 ноболиғ зикр шудааст.
Гуфта мешавад, ки бархе аз сарнишинҳо ҳанӯз зинда буда, дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Авиакатастрофа в Непале - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2023
Суқути ҳавопаймо бо 72 сарнишин - видео
Ҳавопаймои "ATR 72" бо 72 сарнишин, аз ҷумла 4 узви ҳайати халабонҳо, ки ба ширкати ҳавоии "Yeti Airlines" тааллуқ доштааст, аз шаҳри Катманду бо Покхара парвоз доштааст.
Садама дар ҳоле рух додааст, ки ҳавопаймо дар ҳоли фуруд дар майдони ҳавоии байналмилалии Покхара будааст
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе чарх мезанад, ки эҳтимолан дар он лаҳзаи суқути ҳавопаймо сабт шудааст. Расонаҳои маҳаллӣ аз қавли шоҳидон навиштаанд, ки ҳайати халабонҳо талош кардаанд, дар охирин лаҳза онро сӯи дарё гардонанд ва дар соҳили он афтидаанд.
Дар мавриди сабаби рух додани фоҷиа феълан иттилои расмие дастрас нест. Дар ҷои ҳодиса наҷотдиҳандаҳо ва мақомоти тафтишотӣ фаъолият карда истодаанд.
Лентаи хабарҳо
0