Путин аз пешрафтҳо дар амалиёти вижа ба ҳимояи Донбасс гуфт

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент России Владимир Путин
Президент России Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Русия изҳори умед кардааст, ки сарбозони кишвар на як бору ду бори дигар бо натиҷаҳои корашон дилҳоро шод хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Раванди амалиёти вижаи низомӣ дар Украина мусбат буда, ҳама чиз дар чаҳорчӯби нақшаи Вазорати дифоъ ва Ситоди генералӣ пеш рафта истодааст.
Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин зимни мусоҳиба аз тариқи телевизиони "Россия 1" баён дошт.
"Ҳама дар чаҳорчӯби нақшаи Вазорати дифоъ ва Ситоди генералӣ ҷараён дорад. Умедворам, ки ҷанговарони мо бо натиҷаи кори ҷангӣ моро на як бору ду бор шод хоҳанд кард", - гуфт раҳбари Русия.
Ин дар ҳолест, ки Вазорати дифои Русия ахиран эълон кард, ки нерӯҳои кишвар 14 январ ба системаи фармондеҳӣ ва назорати артиши Украина ва иншооти энергетикии марбута зарбаи мушакӣ зада, аҳдофи гузошташуда амалӣ гардиданд.
Постоянный представитель Российской Федерации при Организации Объединённых Наций и в Совете Безопасности ООН Василий Небензя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2023
Небензя - Украина ба як ширкати хусусии низомии НАТО табдил ёфт
Аз ин пештар нерӯҳои Русия шаҳри Соледарро озод карданд, ки тағйири ҷадид дар пешрафти амалиёт арзёбӣ мегардад.
Вазорати дифои Русия эълон дошт, ки озодсозии шаҳри Соледар ба артиши Русия имкон медиҳад, нерӯҳои украинӣ дар шаҳри Артемовскро аз таъминот қатъ намоянд ва артиши Украинаро дар ин минтақа дар муҳосира қарор бидиҳанд.
"Назорати комили шаҳри Соледар имкон медиҳад, ки масирҳои таъминоти нерӯҳои украинӣ дар шаҳри Артемовск қатъ шавад, баъдан қисмҳои артиши Украинаро дар ин минтақа баста ва дар муҳосира гиранд", — гуфт вазорати дифоъ.
Маврид ба зикр аст, ки амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина аз 24 феврали соли гузашта идома дошта, ҳадафи он ҳимояи мардуму озодсозии Донбасс арзёбӣ гардид.
Лентаи хабарҳо
0