Вазорати тандурустӣ марги шашгоникҳо дар Суғдро расман шарҳ дод

CC0 / pexels / Новорожденный
Новорожденный - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ин ниҳод иллати асосии фавти шашгоникҳоро ба таваллуд шудан бо вазни ниҳоят кам арзёбӣ кард. Кӯдакон аз 550 то 700 грамм вазн доштанд
ДУШАНБЕ, 15 янв – Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон расман иллати фавти шашгоникҳо дар вилояти Суғдро тавзеҳ дод.
Бар асоси матолибе, ки дар сомонаи вазорат нашр шуд, чунин бармеояд, ки пизишкони табибони Таваллудхонаи вилоятӣ ҳама кори аз дасти онҳо меомадаро анҷом доданд, вале натавонистанд ҷони навзодонро наҷот диҳанд.
Ин ниҳод афзуд, ки модари кӯдаконро мошини ёрии таъҷилӣ бо нишонаҳои валодати пеш аз муҳлат ба беморхона овард ва табибон ҳамон лаҳза беморро қабул карданд.
“​Ба шаҳрванд Муборакхон Соҳибова бо назардошти нишонаи валодати пеш аз муҳлат тамоми ташхису табобат аз рӯи протоколи стандарти миллӣ оид ба аворизи ҳомиладорӣ гузаронида шуда, оиди ҳолати бемор ба ситоди доимамалкунандаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузориш пешниҳод шуд”, - омадааст дар хабарномаи вазорат.
Зикр гардид, ки новобаста аз табобати гузаронидашуда, нимашаби 11 январ дарди зани ҳомила хуруҷ кард ва ӯ давоми 25 дақиқа ҳар шаш тифлашро бо вазни экстремалӣ ба дунё овард.
Новорожденный в отделении выхаживания недоношенных детей  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2023
Шашгонике, ки дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омаданд, фавтиданд
Вазни ду кӯдакаш 700 грам, аз се навзоди дигар 600 ва духтарчаи шашумаш ҳамагӣ 550 грамм вазн дошт.
Тифлони бадунёомада аз рӯи муҳлати ҳомиладорӣ 26 ҳафта, қариб 6 моҳаро ташкил медиҳад, ки онро “кӯдакони норасидаи экстремалӣ” мегӯянд, қайд намуд вазорат.
Илова бар ин вазорат зикр кард, ки вазъи тифлон аз рӯзи аввал хуб набуд ва онҳо дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарӣ буданд.
“Табибон тамоми чораҳоро андешиданд, аммо, омилу сабабҳои болозикр ​ муҷиби зинда намондани шашгоникҳо шуданд”, - тавзеҳ дод Вазорати тандурустӣ.
Лентаи хабарҳо
0