Видеои суқути ҳавопаймо дар Непал

Обуна шудан
Дар Непал як ҳавопаймои мусофирбар суқут кард. Ширкати ҳавопаймоии анҷомдиҳандаи парвоз марги ҳамаи 72 сарнишини ҳавопайморо тасдиқ кард
Аз миёни 72 сарнишини ҳавопаймои ширкати "Yeti Airlines" ҳеч нафарашон зинда намондаст. Қаблан хабар дода шуда буд, ки 4 мусофир дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Бар асоси феҳрасти нашршуда, аз миёни 68 мусофир 53 нафарашон непалӣ ва 15 нафари боқимонда атбои хориҷӣ будаанд. Дар миёни хориҷиён шаҳрвандони Тоҷикистон зикр нашудаанд.
Иттилоъ дода шудааст, ки миёни мусофирони хориҷӣ 5 нафарашон шаҳрвандони Ҳиндустон, 4 шаҳрванди Русия, 2 корягӣ ва якнафарӣ аз Ирландия, Аргентина, Австралия ва Фаронса будаанд. Дар феҳрасти мусофирон ҳамчунин аз 3 ноболиғ зикр шудааст.
Тоҷикон дар ҳавопаймои суқуткардаи Непал набудаанд: Феҳрасти мусофирон
Ҳавопаймои "ATR 72" бо 72 сарнишин, аз ҷумла 4 узви ҳайати халабонҳо, ки ба ширкати ҳавоии "Yeti Airlines" тааллуқ доштааст, аз шаҳри Катманду бо Покхара парвоз доштааст.
Садама дар ҳоле рух додааст, ки ҳавопаймо дар ҳоли фуруд дар майдони ҳавоии байналмилалии Покхара будааст.
Дар мавриди сабаби рух додани фоҷиа феълан иттилои расмие дастрас нест. Дар ҷои ҳодиса наҷотдиҳандаҳо ва мақомоти тафтишотӣ фаъолият карда истодаанд.
Лентаи хабарҳо
0