Афзоиши беш аз 60 дарсадии содироти маҳсулоти корхонаҳои саноии Беларус ба Тоҷикистон

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкРабота грузового контейнерного терминала
Работа грузового контейнерного терминала - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Корхонаҳои сохтори вазорати саноии Беларус дар моҳи январ-ноябри соли 2022 содироти маҳсулотро ба кишварҳои ИДМ 40 дарсад афзоиш додаанд
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2022 корхонаҳои Вазорати саноати Беларус содироти маҳсулотро ба Тоҷикистон 60,8 дарсад афзоиш додаанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Белта”.
Тибқи иттилои ин хабаргузорӣ корхонаҳои Вазорати саноати Беларус дар давраи зикршуда содироти маҳсулотро ба кишварҳои ИДМ қариб 40 дарсад афзоиш доданд.
Суръати афзоиши содироти молхои корхонаҳои саноии Беларуст дар моххои январь-ноябри соли гузашта 114,1 фоиз ва воридот бошад 101,7 фоизро ташкил додааст. Бакия мусбат аст.
Таъкид шудааст, ки маҳсулоти корхонаҳои Вазорати саноат ба 120 кишвари ҷаҳон фиристода мешавад.
Производство молочных продуктов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2022
Беларус содироти молро ба Тоҷикистон коҳиш дод
Аз ҷумла содирот ба кишварҳои ИДМ дар моҳҳои январ-ноябри соли гузашта 39,7% (аз ҷумла ба Русия 52,4%), ба Қазоқистон 32,9%, Арманистон 48,8%, Қирғизистон 30,3%, Тоҷикистон 60,8 фоиз ва ба Озарбойчон — 14,4 дарсад афзудааст.
Дар баробари ин содирот назаррас ба кишварҳои хориҷ аз ҷумла ба Миср (4,8 баробар), Зимбабве (10 баробар), Аморати Муттахидаи Араб (3,2 баробар), Лубнон, Гана, ва Ироқ ба қайд гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0