Артиши Украина маркази савдо ва дорухонаи Донетскро гулӯлаборо кард - видео

Обуна шудан
Ба гуфтаи шоҳидон дар Донетск, боз се таркиш рух додааст. Инак артиши Украина макази савдо ва дорухонаро гулӯлаборон кардааст. Зери харобахо одамон мондаанд
Ба ноҳияи Калининскии Донетск нерӯҳои мусаллаҳи Украина субҳи имрӯз як мушак аз системаи HIMARS MLRS партоб карданд, хабар медиҳад РИА “Новости”.
"Мушаку гулулаҳои партобшуда ба бинои маркази савдои “Авоска” дар хиёбони Илич, бинои истиқоматӣ ва дорухона дар наздикии истгоҳи автобус дар рӯ ба рӯи комбинати гӯшт бархурданд”, - навиштааст шаҳрдор Алексей Кулемзин дар Telegram канали худ.
Путин аз пешрафтҳо дар амалиёти вижа ба ҳимояи Донбасс гуфт
Дастикам ду нафар кушта ва чаҳор нафар маҷрӯҳ шуданд. Хадамоти ҳолатҳои изтирорӣ мегӯянд, дар бинои харобшуда одамон буданд, ҳоло онҳо тахминан зери харобаҳо мондаанд.
Лентаи хабарҳо
0