Дар Мастчоҳ гурги ҳамлагарро зинда дастгир карданд - видео

© PixabayВолк, архивное фото
Волк, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Эксклюзив
Яке аз гургҳое, ки аз доманакӯҳҳо ба водиҳо фаромада ба молу чорвои сокинони деҳоти Мастчоҳ ҳамла карда буд, зинда дастгир карда шуд
ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Сокинони ноҳияи Масчоҳ гургеро, ки ду рӯз пеш ҳамроҳи галаи гургон ба чорвои хонагӣ ҳамла карда буданд боздошт кардаанд.
Мирзоасрор Шарифов, яке аз сокинони ҷамоати Мастчоҳ ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи дастгиркунии яке аз гургҳо хабар дод.
Ӯ, гуфт, ҳамин ҳайвони ваҳшӣ ду рӯз пеш ба оғилхонаи сокинони деҳаи Азизободи ноҳия ҳамла кардааст.
“Сокинони деҳа дар вақти рӯзона гаштугузори гургонро мушоҳида намуда барои безарар гардонидани онҳо тасмим гирифтанд. Ин субҳ яке аз он гурҳо, ки шаби гузашта ба оғилхонаи гову гусфандон ҳамла карда буд, дастгир шуд” - гуфт, мусоҳиб.
Аз видеое, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дорад, бар меояд, ки гурги боздоштшуда чандон боҳашамат набудааст. Ҳайвони ваҳширо ҷавонони деҳа тавассути панҷшох, зинда дастгир кардаанд.
Борбади Баҳромзода, як сокини ҷамоати деҳоти Мастчоҳ, ки чанде пеш, ки шоҳиди ҳамлаи гургон шуд, тафсилоти ҳодисаро ба Sputnik Тоҷикистон нақл карда буд.
“Шаб соати тақрибан 22 буд, ки саги ҳамсоя бо овози баланд фарёд мезад. Дар ин ҳолат мо берун шудем ва дидем, ки гургҳо то замоне, ки ба мурғу дигар чорво ҳамла кунанд бо саг бархурдаанд. Дар ин миён чароғи ҳамсоя равшан шуд ва гургҳо гурехтанд” – гуфт Баҳромзода.
Барфрезии зиёд ва фарорасии сармои шадид сабаби ба мушкил мувоҷеҳ шудани гургон шуда, барои дарёфти ғизо онҳо аз доманакӯҳҳо ба водиҳо фаромадаанд.
Бездомные собаки  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2022
Осеб дидани 422 нафар аз газидани саг дар Хатлон
Сокинони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд мегуянд, як галаи гургҳо, аз доманакӯҳҳо ба водиҳо фаромада ба молу чорвои онҳо ҳамла кардаанд.
Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар Мастчоҳ ба сокинон ҳушдор додаанд, ки аз эҳтиёт кор гиранд ва бидуни зарурат, ба танҳоӣ ба саҳрову теппаҳо нараванд ва дари оғилхонаҳоро мустаҳкам кунанд.
Барои ҳифзи чорвои сокинон аз ҳамлаи гургҳо ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ барои парронидани ҳайвоноти ваҳшӣ аз ҷумла гургҳо ситоди шабонарӯзӣ ташкил намудааст.
Лентаи хабарҳо
0