Савдои Суғд бо хориҷа беш 3 млрд доллар шуд: Чӣ фурӯхт?

© Sputnik / Владимир Корнев / Гузариш ба медиабонкГрузовики на границе
Грузовики на границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2023
Обуна шудан
Ҳаҷми савдои хориҷии Суғд дар соли 2022 наздики 3,2 млрд доллари амрикоиро ташкил додаст, ки нисбати соли қаблӣ беш аз 40% зиёдтар мебошад
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Тавозуни савдои хориҷии Суғд манфӣ боқӣ монда, ҳаҷми воридот аз содирот ҳудуди 1 млрд доллари амрикоӣ зиёдтар аст.
Ба иттилои мақомоти Суғд, ҳаҷми воридот ба вилоят 2,1 млрд доллар ва содирот наздики 1,1 млрд долларро ташкил додааст.
Маҳсулоти аслии содиротӣ дар вилоят маъдан ва консентрат будааст, ки ҳаҷми он он беш аз 729 млн доллар шудааст.
Семент дар ҳаҷми беш аз 722 ҳазор тон ба маблағи зиёда аз 22 млн доллару нахи пахта ба маблағи беш аз 84 млн доллар содир гардидаст.
Мужская обувь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2023
Суғд истеҳсоли пойафзолро ба зинаи нав баровард
Инчунин вилоят ба хориҷ наздики 12 млн дона тухм ба маблағи 1,2 млн доллар фурӯхтааст.
Ҳамчунин, дар ин давра ба маблағи 22 млн доллар наздики 1,5 ҳазор дона либосворӣ содир шудааст.
Дар соли 2022 ба маблағи наздки 39 млн доллар беш аз 133 ҳазор тон маҳсулоти кишоварзӣ фурӯхта шудаст, ки нисбати соли қаблӣ ба маблағи 13 млн доллар зиёд аст.
Мақомоти Суғд тавзеҳ доданд, ки 53 ҳазор тон хушкмева ба маблағи 26,5 млн доллар ва 62 ҳазор тон пиёз ба маблағи 6,3 млн доллар фурӯхта шудаст.
Ҳаҷми содироти пиёз, ки яке аз маҳсулоти асосии содиротӣ маҳсуб меёбад, нисбат ба соли қаблӣ ба маблағи 1,9 млн доллар афзудааст.
Лентаи хабарҳо
0