Вазорат тамдиди дигарбораи таътили зимистонаро дар Тоҷикистон рад кард

Школьные парты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Сарусадои паҳншуда дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди тамдиди дигарбораи таътили зимистонаи муассисаҳои томактабӣ ва макотиби миёнаро рад кард
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳо нашр гардиданд, ки таътил дар Тоҷикистон то 25 январ ва бар асоси бархе манобеъ то 1 феврал тамдид шудаанд.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ин хабарҳоро рад намуд.
Манбаъ таъкид кард, ки бар асоси қарор таътили зимистона барои хонандагони макотиб ва муассисаҳои томактабӣ аз 16 ба 20 январ тамдид шуд. ЛДарсҳо дар макотибу муассисаҳои томактабӣ аз 20 январ оғоз мешаванд, таъкид намуд манбаъ.
"Бо дарназардошти сард омадани ҳаво ва бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон дар асоси фармоиши вазири маориф таътили зимистона то 20 январи соли 2023 тамдид карда шуд", - омадааст дар хабарномаи вазорат.
Начало учебного года в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2022
Талабаҳо дар Тоҷикистон ба таътил мебароянд, омӯзгорон кор мекунанд
Зикр гардид, ки соатҳои дарсии дар давоми таътил иҷронашуда тибқи ҷадвали алоҳидаи тасдиқгардидаи дарси иловагӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 аз ҳисоби таътили баҳорӣ ва тобистона ҷуброн карда мешавад.
Ин ниҳод сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру навоҳии атрофи пойтахтро уҳдадор намуд, ки ҷиҳати ба таътил баромадани хонандагон тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Қаблан муовини мудири Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева хабар дод, ки ҳавои хунук дар Тоҷикистон то 25 январи соли равон идома хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0