Муттақӣ: Толибҳо ташкили давлати фарогирро пйгири мекунад

© Sputnik / Alexey Kudenko / Гузариш ба медиабонкИО министра иностранных дел Афганистана, член руководства движения "Талибан"* Амир Хан Муттаки и представитель политического совета движения "Талибан"* Шахабуддин Делавар
ИО министра иностранных дел Афганистана, член руководства движения Талибан* Амир Хан Муттаки и представитель политического совета движения Талибан* Шахабуддин Делавар  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2023
Обуна шудан
Вазири хориҷаи ҳукумати толибҳо дар дидор бо намояндаи раисҷумҳури Русия дар бораи ташкили ҳукумати фарогир итминон дод
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Вазири хориҷаи ҳукумати муваққати толибҳо Амирхони Муттақӣ дар дидор бо намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон Замир Кобулов дар бораи талоши ин гурӯҳ барои ташкили ҳукумати фарогир ба вай итминон дод, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Оқои Муттақӣ афзуд, ки толибҳо ба тавсияҳои Русия гӯш медиҳанд ва мавзуи ташкили як давлати фарогир ва ҳамчунин ҳали масоили ҳуқуқи башар аз ҷумла ҳуқуқи занону духтаронро пайгирӣ мекунанд.
Намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистони ҳам дар ин дидор бар таъаҳҳуди Маскав ба ҳимоят аз мардуми ин кишвар барои барқарории зудтраи сулҳу дастёбӣ ба оштии миллӣ таъкид кард.
Бывший вице-президент Афганистана Амрулла Салех - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2023
Солеҳ: ИМА бо ҳадафи тайёрӣ ба ҷанги Украина аз Афғонистон берун шуд
Замир Кобулов аз давлати кунунии Афғонистони хост то ба тавсияи он даста аз бозигарони байналмилалӣ, ки содиқона ба барқарории сулҳ дар Афғонистон ва эҷоди як кишвари мустақилу якпорчаи оре аз тероризму маводи мухаддир алоқаманд ҳастанд, тавваҷуҳ кунанд.
Мушкилоти тавсеаи тиҷорат ва равобити иқтисодӣ аз ҷумлаи эҷоди шароити мусоид барои содироти Афғонистон ба Русия ва ҳамкорӣ дар мубориза бо тероризму таҳдиди маводи мухаддир аз дигари мавзуъоти ин нишаст буд.
Лентаи хабарҳо
0