Сардиҳо дар Афғонистон ҷони 16 танро гирифт

© AFP 2023 / NICOLAS ASFOURIАфганские жители идут по улице во время снегопада в Кабуле, архивное фото
Афганские жители идут по улице во время снегопада в Кабуле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2023
Обуна шудан
Сармои шадид Афғонистонро низ дар доми худ қарор додаву ҷони инсонҳоро мегирад. Қурбонии сардиҳо дар вилояти Бодғис, Форёб ва Нимрӯзу Ғазнӣ мебошанд.
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Бар асари сармои бесобиқа дар Афғонистон то кунун дастикам 16 нафар ба ҳалокат расидаанд. Аксари онҳо кӯдакон ва занон мебошанд.
Мақомоти маҳаллии Толибон* дар вилояти Бодғис ахиран аз марги ду кӯдак ва як зан бар асари сармои шадид дар ин вилоят хабар доданд.
Қаблан аз он дар ин вилоят хабари марги панҷ тан, аз ҷумла чаҳор кӯдак ва як чӯпон расонаӣ шуда буд.
Мавҷи сарди шадид бо бориши барфу сармо дар вулусволии Оқинаи вилояти Ҷаузҷон низ талафоти ҷонӣ ба бор овардааст.
Сахи Дод, раҳбари рустои Кӯҳистонати ноҳияи Оқина гуфтааст, дар ин ноҳия бар асари сармои шадид ду зан ва як кӯдак ба далели набуди васоили беҳдошт ва ҳамлу нақл ба ҳалокат расидаанд. Ғайр аз ин зиёда аз 800 cap чорвои калон талаф ёфт.
Ҳамзамон хабарҳо аз марги шаш марди нашъаманд дар вилояти Ғазнӣ бар асари сардиҳо низ нашр шудааст.
Прохожие на улице в Душанбе после снегопада - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2023
Пешгӯии то 36 дараҷа сардӣ дар Тоҷикистон
Ба гузори Sputnik Афғонистон тайи чанд рӯзи ахир дар вилояти Ғазнӣ 4470 сар чорвои мардум, Ҷузҷон 800 ва дар Нимрӯз 2500 сар чорвои калон талаф шудааст.
Гуфта мешавад, ин зарарест, ки расман хабар ва сабт шудааст ва теъдоди воқеии он метавонад бештар бошад.
Сардиҳои бесобиқаи рӯзҳои ахир дар Афғонистон, ба хусус дар манотиқи дурдаст ва душворгузар, ки мардум ба шароити зиндагии мардум дастрасӣ надоранд, раванди зиндагии оддии мардумро халалдор кардааст.
Раёсати ҳамоҳангсозии кумакҳои башардӯстонаи Созмони Милал дар Афғонистон (OCHA) низ рӯзи шанбе эълом кард, ки ҳарорати ҳаво то поёни ҳафтаи ҷорӣ ба манфии 35 дараҷа мерасад ва мавҷи сармо шадидан идома хоҳад кард. Ин ниҳод гуфтааст, ки маҳдудиятҳои толибон барои занон раванди интиқоли кумакҳоро ба ҳам задаанд.
Аксари роҳҳои иртибототи вилоятҳо бо марказ ва шоҳроҳҳо, ба хусус шоҳроҳи Соланг, ки вилоятҳои марказӣ ба шимоли Афғонистонро мепайвандад, дар пайи сардии ҳаво масдуд шудааст. Шиддати сармои зимистони имсола дар 24 соли ахир бесобиқа гуфта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0