Тафсилоти муҳими музокироти Кабулов бо толибҳо маълум шуд

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкСпециальный представитель президента России по Афганистану, директор второго департамента Азии министерства иностранных дел РФ Замир Кабулов
Специальный представитель президента России по Афганистану, директор второго департамента Азии министерства иностранных дел РФ Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2023
Обуна шудан
Сафорати Русия дар Кобул гуфт, ки Федератсияи Русия ва намояндагони ҳукумати Толибон* рушди минбаъдаи равобити тиҷоративу иқтисодиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, мудири бахши дуввуми Осиё Замир Кабулов бо Толибон* афзоиши воридот аз Русияро баррасӣ кардааст.
Ба гуфтаи сафорати Русия дар Кобул, бо намояндагони ҳукумати Толибон* муҳайё кардани шароити мусоид барои ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни ин кишварҳо баррасӣ шудааст.
"Бо шарикони афғон тавсеъаи равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши воридот аз Русия ва фароҳам овардани шароити мусоид барои содироти Афғонистон ба Федератсияи Русия баррасӣ шуд", - гуфт намояндагии дипломатӣ.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Кабулов бо Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷии ҳукумати Афғонистон низ мулоқот карда, дар ҷараёни он равобити дуҷониба, мушкилоти минтақавӣ ва ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ кардаанд.
Толибон ба Кобулов дар бораи таъсиси ҳукумати фарогир гуфтаанд ва изҳор доштаанд, ки рӯйи ин раванд кор мекунанд.
Ҷониби Русия изҳор дошт, ки барои ҳалли вазъ дар Афғонистон талош дорад ва аз ин рӯ, аз интиқоди ҳукумати феълӣ ва дахолат ба сиёсати дохилии ин кишвар худдорӣ мекунад.
Секретарь Совбеза РФ Николай Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2023
Патрушев: Хориҷ шудани нерӯҳои ИМА аз Афғонистон ба омодагии Киев барои ҳамла рабт дошт
Қаблан намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон бо таассуф изҳор дошта буд, ки толибҳо ба ташкили давлати фарогир бе тавваҷуҳ ҳастанд.
Ба гуфтаи Кобулов, талошҳои кишварҳои минтақа то ҳадди зиёде ба суботи мақомоти феълӣ кумак кард, ки бештари онҳо бар хилофи таҳримҳои Ғарб ҳузури сиёсӣ ва дипломатики худро дар Афғонистон ҳифз карданд.
Вай афзуд, буҳрони интиқоли қудрат дар Афғонистон рафъ гардида, зарурати иқдоми бештар барои таъмини амнияту мубориза бо таҳдидҳоро таъкид намуд.
*- cозмоне, ки барои аъмоли террористӣ зери таҳримоти СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0