Қазоқистон қоидаҳои вурудро барои муҳоҷирон сангинтар кард: чӣ тағйир ёфт

© SputnikЛюди в аэропорту Манас в Бишкеке.
Люди в аэропорту Манас в Бишкеке. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2023
Обуна шудан
Қазоқистон қоидаҳои будубоши бидуни раводидро тағйир дод. Аз нав барқарор кардани муҳлатҳо тавассути тарк кардан ва бозгашти фаврӣ, дигар кор намекунад
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Қазоқистон қоидаҳои вуруд ва будубоши муҳоҷиронро тағйир дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ.
"Шаҳрвандони хориҷие, ки бидуни раводид ворид мешаванд, метавонанд 30 рӯз дар кишвари мо бимонанд. Аммо, давоми 180 рӯз, муҳлати умумии будубоши онҳо набояд аз 90 рӯз зиёд бошад. Шаҳрвандони кишварҳои узви ИИАО, ки ба Қазоқистон омадаанд, низ ҳамин тавр, набояд давоми 180 рӯз беш аз 90 рӯз дар кишвар бошанд", - гуфта мешавад дар изҳороти вазорат.
Маҳдудиятҳо дар бораи муҳлати 180 рӯзӣ қаблан вуҷуд надоштанд: пештар хориҷиён метавонистанд шартҳои будубошро бо роҳи тарк кардани Қазоқистон ва баргаштан “сифр" кунанд.
Чин маҳдудиятҳои вуруд ба кишварро барои шаҳрвандони Тоҷикистон лағв кард
Ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, чунин талабот дар таҷрибаи байналмилалӣ, масалан, барои шаҳрвандони Қазоқистон дар Русия, Гурҷистон, Белорус ва Украина муқаррар шудааст.
Маҳдудиятҳои нав ба хориҷиёне, ки бо раводид вориди кишвар шудаанд ё иҷозаи иқомати муваққатӣ додаанд, дахл надорад.
Қоидаҳои нави вуруд, аз 27 январ эътибор пайдо мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0