Бонки марказии Эрон ба тавсеаи муносиботи пулӣ ва бонкӣ бо Русия омодааст

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкЗдание Центрального банка РФ
Здание Центрального банка РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Теҳрону Маскав бар тақвияту тавсеаи муносибот ва ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва ба вижа ҳавзаҳои пулӣ ва бонкии Русия бо Эрон таъкид карданд
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Раиси кули Бонки марказии Эрон Муҳаммадризои Фарзин, ахиран дар дидор бо дастёри раисҷумҳурии Русия Игор Левитин ва ҳайати ҳамроҳаш дар Теҳрон тақвияти беш аз пеши ҳамкориҳои пулӣ ва бонкӣ миёни Эрону Русияро муҳим арзёбӣ кард, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.
Ба гуфтаи оқои Фарзин, Бонки марказии Эрон омода аст муносиботи пулӣ ва бонкии дуҷониба бо Русия ва ҳамчунин кишварҳои дӯсту ҳамсояро дар сатҳи боло, ки муҷиби афзоиши мубодилоти иқтисодӣ ва тиҷориро фароҳам кунад, афзоиш диҳад.
Раиси кулли Бонки марказии Эрон ҳамчунин бо ишора ба зарфиятҳои мухталифи ҳамкориҳои Эрону Русия дар ҳавзаҳои пулӣ ва бонкӣ, иқтисодӣ, умронӣ ва тиҷорӣ афзуд, ки тавсеаи муносиботи ду кишвар бар пояи иҷрои мавзӯъоти санади иқдоми муштараки бонкҳои марказии Эрону Русия чашмандози иқтисодии равшанеро барои ду кишвар муайян мекунад.
Флаг Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2023
Эрон ба Русия пешниҳоди таъсиси ниҳоди муштарак барои мубориза бо таҳримҳоро кард
ДАр ҳамин ҳол, Игор Левитин низ бо баршумурдани мавзӯъоти муҳими мавҷуд дар санади иқдоми муштараки бонкҳои марказии Эрону Русия бар тақвияту тавсеаи муносиботу ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва ба вижа ҳавзаҳои пулӣ ва бонкии Русия бо Эрон таъкид кард.
Эрон ва Русия дар заминаҳои мухталифи дуҷониба иштироки манофеъи роҳбурдӣ доранд ва ин аз авомили аслии ҳамкории наздики ду тараф дар солҳои ахир будааст.
Лентаи хабарҳо
0