Бозори муштараки Афғонистону Ӯзбекистон ба баҳрабардорӣ мерасад

© AFP 2023 / SHAH MARAIЖитель Афганистана проходит через рынок Буша в Кабуле
Житель Афганистана проходит через рынок Буша в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2023
Обуна шудан
Масъулини бозори муштараки Афғонистон – Ӯзбекистон дар шаҳри Тирмиз аз баҳрабардории ин бозори муштарак ба зудӣ хабар доданд
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Масъулони бозори муштараки Афғонистон - Ӯзбекистон дар шаҳри Тирмиз мегуянд, ки ин бозор ба зӯдӣ ба баҳрабардорӣ хоҳад расид, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Онон ҳадаф аз сохти ин бозорро баланд бурдани мизони додуситади бозаргонӣ миёни ду кишвар медонанд.
Дар бозори муштарак, сохтмони меҳмонхона, дармонгоҳ ва 4 ҳазор дукон барои бозаргонон ҳар ду кишвар дар назари гирифта шудааст.
Мальчик зимой в шапке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2023
Сармои шадид ҷони шаш кӯдакро дар Бадахшони Афғонистон гирифт
Ба гуфта масъулин, қарораст ин бозор дар соли равони милодӣ гушоиш ёбаду шаҳрвандони Афғонистон бидуни ахзи виза метавонанд барои даҳ рӯз ба ин бозор сафар кунанд.
Ёдовари мекунем, ки чандин сол мешавад, ки дар марзи байни Тоҷикистону Афғонистон бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ бозорҳои марзӣ таъсис ёфтанд, ки ҳадаф беҳтар кардани шароити мардуми ҳар ду тарафи марз буд
Бозорҳои марзӣ дар минтақаи Бадахшон дар Дарвоз, Теми Хоруғ, Ишкошим ва дар маҳалли Лангари ноҳияи Ишкошим ҷойгиранд.
Лентаи хабарҳо
0