Черевченко: Душанбе ватани ман аст, ҷое, ки ба ман футболбозиро омӯхтанд - видео

Обуна шудан
Собиқ бозингари тими миллии Тоҷикистон ва мураббии шинохта, акнун ба ҳайси сармураббӣ дастаи “Истиқлол”-ро тамрин хоҳад дод
Мураббӣ Игор Черевченко ба тими "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе пайваст. Маросими имзои шартнома дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Черевченко дар меҳмонхонаи "Ҳаят Реҷенсӣ"-и Душанбе, шартномаро ба ҳайси сармураббии "Истиқлол" ба муҳлати як сол имзо кард.
"Ин ҷо Ватани ман аст": Игор Черевченко расман сармураббии "Истиқлол" шуд
Ба гуфтаи мураббӣ, пешниҳодҳои дигари ҳамкорӣ низ буданд, аммо ӯ Тоҷикистонро интихоб кард.
Мӯҳсин Муҳаммадиев зимни муаррифии сармураббии ҷадид, ин рӯзро аз хушбахттарин рӯзҳо унвон кард.
Се “Помир”-ӣ: “Истиқлол” чӣ мехоҳад?
"Мо бисёр шодем, ки варзишкорони собиқ ба Ватан баргаштанд ва барои рушди футболи тоҷик кор хоҳанд кард. Мо талош мекунем, ки ба ҳадафҳои гузошташуда бирасем", - гуфт ӯ.
Чи тавре, ки худи Черевченко гуфт, таъиноти навро ӯ ҳамчун қарз ва даъват мешуморад.
"Ин ватани ман аст, ҷое, ки ба ман футболбозиро омӯхтанд", - изҳор дошт мураббӣ дар бораи бозгашти худ ба Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0