Чаро дар Тоҷикистон лимити барқро аз байн бурданду, мушкилот сар зад?

© Sputnik / Амир ИсаевХуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ
Хуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ширкати “Барқи Тоҷик” ахиран эълон кард, ки лимити барқ дар саросари Тоҷикистон лағв карда шудааст, вале сокинон мегӯянд то ҳол аз камбуди барқ ранҷ мекашанд
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik, Алексей Юсупов. Сардиҳои шадиде, ки ба қаламрави Осиёи Марказӣ омад, дар даҳсолаҳои гузашта мушоҳида нашуда буд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ширкати Барқи Тючик барои аз байн бурдани маҳдудиятҳои барқӣ ​​дар кишвар дастур дод.
Рӯзи дигар, ширкат фавран дар бораи иҷрои дастури раисҷумҳур хабар дод, ва гуфт, ки "таъминоти барқ ​​дар саросари ҷумҳурӣ таъмин шудааст”.
Бо вуҷуди ин, сокинони минтақаҳои гуногуни кишваре, ҳангоми назарпурсӣ ба Sputnik Тоҷикистон маълумоти комилан дигар доданд.
"Чароғро тавре, ки пеш хомӯш мекарданд, ҳоло ҳам хомӯш мекунанд. Вале мисли пештара не - барқ субҳ ва шом хомӯш мешуд. Ҳоло давоми рӯз чанд маротиба хомӯш мекунанд", - шикоят кард нафақахур аз Бохтар Махмадшариф.
Соҳибкор аз Ваҳдат бо номи Расул ба ваъдаҳои ширкати “Барқи тоҷик” бовар кард ва коргоҳи худро ҳамон рӯз ифтитоҳ кард, вале ҳамон лаҳза барқ хомӯш шуд. Ҳазорҳо сомон ба ин соҳибкор зарар расонида шуд.
Нерӯгоҳи барқи обии Норак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2023
Об каму харҷ зиёд: Муроҷиати мақомоти тоҷик ба мардум дар мавриди барқ
"Ҳафтаи гузашта, барқ ​​ду маротиба хомӯш карда шуд ва ҳатто дар вақти шабона. Онҳо дар зери се курпа хобидем, кӯдаконро бо либоси зимистона хоб кардем, вале ин ҳам кӯмак накард духтарчаи хурдиам сармо хурд", - гуфт муаллима аз Ҳисор Зулахо.
Аммо чӣ гила кунем аз минтақаҳо ҳатто сокинони Душанбе аз қатъи интиқоли нерӯи барқ ​гила мекунанд.
"Қариб ҳар рӯз 2—3 соат барқ хомуш мешавад, мегӯянд: “садама рух дод, трансформатор қудраташ нарасид, дастгоҳҳо сӯхтаанд, таъмиргарон кор мекунанд ва ба зудӣ барқ мешавад. Сабр кунед!”, мегӯяд сокини ноҳияи Синои Душанбе Латофат.
Сокини дигари ноҳияи Шоҳмансур бо номи Наргис илова кардааст, ки ҳамон рӯзе, ки ширкати “Барқи тоҷик” бардоштани маҳдудиятҳои барқиро эълон кард, дар хонааш беш аз як соат барқ ​​надоштаст. Рӯзи дигар, яъне 13-уми январ, барқро 10 соат хомӯш карданд, аз соати 18 то соати 4-и субҳ.
“Бисёр туҳфаи зебо карданд дар Соли нав. Хӯроки идона мепухтам, ҳамааш барбод рафт”, — бо хашм гуфт Наргис аз ноҳияи Шоҳмансур.
Аммо дар вилояти Суғд ҳама чиз хуб аст, ҳадди ақал дар шаҳрҳо.
"Шабу рӯз бефосила барқ ҳаст,"- шодӣ мекунад Фирӯз, сокини Истаравшан.
Лампа накаливания и энергосберегающая лампочка. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2023
Лағви пурраи "лимит"-и барқ дар Тоҷикистон
Сӯҳроб сокини шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ки дар масъалаи нерӯи барқ ​​ҳеҷ мушкиле нест. Вай гуфт шароити имсоларо бо соли гузашта қиёс кардан мумкин нест.
“Афсӯс, ки танҳо дар фасли сармо барқ ҳамеша ҳаст, шояд баъд аз фасли сармо боз онро хомуш кунанд", - мегӯяд Сӯҳроб аз Хуҷанд.

Барқ бояд сарфакорона истифода шавад

Дар робита ба бардоштани маҳдудиятҳои барқӣ ​​ширкати “Барқи тоҷик” аз аҳолӣ хостааст, ки нерӯи барқро сарфакорона истифода баранд, вале хуб медонанад, ки дар асл ин дархост ғайриимкон аст.
Дар деҳот ангиштсанг ва пору ёрӣ мерасонад, вале дар шаҳрҳо ин усул қобили қабул нест. Масалан, дар шаҳри Душанбе гармидиҳӣ танҳо дар марказ ва қисми шимолӣ, аст, ки дар онҷо Маркази гармидиҳӣ вокеъ аст.
Сокинони дигари пойтахт барои гарм кардани хонаҳояшон аз асбобҳои барқӣ истифода мебаранд. Ин баъзан шиддати садама шабакаҳои барқтаъминкуниро зиёд мекунад ва онро зуд фарсуда мекунад. Аз ин рӯ, садамаҳо зиёд мешавад.
Машина с дровами в Согде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2022
Камбуди барқ дар деҳоти Суғд боиси болоравии нархи ангишту ҳезум шуд
Барои бозсозии умумӣ маблағ нест ва дар зимистони хунук шуруъ кардани он кори хуб нест.
БА ҳамин хотир интихоби зиёде нест - ё ҳароратро дар радиатор кам мекунеду хунук мехуред ё ҳама чизро фурӯзон мекунеду хомӯшии навбатиро интизор мешавед. Ҳатто болоравии таруфаҳои нерӯи барқ ​​аз 1 октябри соли 2022 низ нақши боздоранда намебозад.
Бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз пардохти қимати барқ қарздор ҳастанд, ки онҳоро ба ҷавобгарӣ кашидан аз рӯи қонун кори хеле мушкил аст, додгоҳҳо аз даъвоҳо ғарқ мешаванд.

Сабабҳои камбудӣ - табиист ё дигар

Эмомалӣ Раҳмон зимни паёмаш ба порлумон дар охири соли 2022 таъкид кард, ки тавлиди нерӯи барқ ​​барои нахустин бор дар таърихи Тоҷикистон беш аз 21 миллиард кВт/соатро ташкил додааст. Бо вуҷуди ин, аҳолӣ мунтазам дар давраи тирамоҳу зимистон ба камбуди барқ рӯ ба рӯ мешавад.
Ширкати “Барқи тоҷик” ҳама ҳолатҳои маҳдудияти нерӯи барқро ба камобӣ ва вақти кам доштан барои пур кардани обанбори нерӯгоҳи Норак рабт медиҳад. Аммо агар ба ин масъала аҳамият диҳем, ингуна давраҳо одатан даврӣ мебошанд вале чунон ба назар мерасад, ки холдинг ҳар сол ба камбуди об рӯ ба рӯ мешавад.
Бархе аз коршиносони соҳа мӯътақиданд, ки камбуди нерӯи барқ ​​ахиран ба далели зиёдшудани ниёзи ТАЛКО, ки яке аз сутуми саноати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ба барқ мебошад.
ЛЭП в горах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2022
Тошканд сабаби маҳдудияти интиқоли барқ ба Афғонистонро гуфт
Даври рукуд корхонаи тавлиди алюминий ба рушди фаъол табдил ёфт, ки ин боиси якбора зиёд шудани истифода барқ гардид.
Имтиёзҳое, ки ба ин корхона дода шудаанд, бе ниҳоят зиёданд. Барои мисло таруфаҳои нерӯи барқ ба ин корхона аз ҳама имтиёзноканд - дар баҳору тобистон 7,2 дирам барои як киловатт ва дар тирамоҳу зимистон 11,8 дирам аст. Ин назар ба маблағи ахолӣ 3—4 баробар кам аст.
Таҳлилгарони дигар бар ин боваранд, ки ба камбуди барқ дар кишвар содироти нерӯи барқ ​​ба кишварҳои ҳамсоя рабт дорад.
“Барқи тоҷик” итминон медиҳад, ки дар фасли зимистон ҳама интиқол ба Ӯзбакистон, ки истеъмолкунандаи асосӣ дониста мешавад, қатъ шуда, танҳо барои нигоҳ доштани ин хатҳо ба барқ ​​ба самти Афғонистон ба миқдори кам фурӯхта мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, ахиран ин ширкат дар бораи тамдиди қарордод бо кишвари ҳамсоя хабар дод. Иқдоми аҷиб, ғайри ин чизе дигаре нест.
Таджикистан и Афганистан подписали соглашение о поставках энергии на 2023 год. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2023
Созиши Душанбею Кобул дар мавриди содироти нерӯи барқ ​​барои соли 2023
Аз нигоҳи иқтисодӣ ҳамкорӣ бо Кобул барои ин “Барқи тоҷик” ниҳоят судманд аст, зеро афғонҳо барои ҳар киловатт 4,67 сент ва аҳолии Тоҷикистон ҳамагӣ 22,6 дирам пардохт мекунанд. Аммо дар баробари ба даст овардани даромад ҷиҳати иҷтимоиро набояд сарфи назар кард.
Сардиҳои ғайримуқаррарӣ аллакай боиси талафоти одамон мешаванд. Масалан, рӯзи гузашта дар Афғонистон беш аз 20 нафар бар асари сармо ҷони худро аз даст доданду беш аз 70 нафар дар бемористон бистарӣ шуданд.
Дар Ӯзбекистон кишвари ҳамсоя раисиҷумҳур Шавкат Мирзиёев дар ҷаласаи ҳукумат муовини вазири энержии ин кишварро барои омодагии бад ба зимистон барканор кард. Сарвари Тоҷикистон дар робита ба камбудиҳои ҷойдошта чӣ чораҳо меандешад?
Лентаи хабарҳо
0