Барои мошинҳое, ки дар роҳи ВМКБ ях бастанд, ситоди фаврӣ ташкил шуд

© Sputnik / Ратушенко / Гузариш ба медиабонкЛедники на Памире, архивное фото
Ледники на Памире, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ронандагон ва мусофироне, ки дар роҳи самти Хоруғ-Кулма дармонданд, бо хӯроки гарм ва ҷойи хоб таъмин карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Сардиҳое, ки чанд рӯз боз дар Тоҷикистон ҳукмфароянд ба кори мошинҳои боркаш дар роҳи ВМКБ бетаъсир намонд.
Мошинҳое, ки аз маркази вилоят самти Мурғоб ҳаракат мекарданд, дар сардии то 40 дараҷа дар роҳ яхбаста, дармондаанд.
Зимнан, агентии "Ховар" бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб хабар медиҳад, ки махсус барои ронандаҳои дармонда ситоди фаврӣ ташкил шудааст.
"Аз ҷониби ситоди мазкур барои ронандагони мошинҳои боркаши масири байналмилалии Кулма-Хоруғ- Душанбе ва мусофирон нуқтаҳои гарм ташкил ва онҳо бо хӯроки гарму ҷойи хоб таъмин шуданд", - омадааст дар хабари мақомоти ноҳияи Мурғоб.
Гуфта мешавад, дар ҳудуди ноҳияи Мурғоб аз ҷониби ситоди мазкур гурӯҳҳои кумаки техникӣ ва кумакрасон ташкил гардидаанд, ки шабонарӯзӣ навбатдорӣ менамоянд.
Дар роҳҳои ВМКБ мошинҳои боркаш ях баста банд мондаанд: ҳушдори ВКД
Маврид ба зикр аст, ки роҳи байналмилалии култа-Хоруғ-Душанбе, яке аз шоҳроҳҳои муҳими стратегӣ барои иқтисоди кишвар мебошад.
Қаблан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иллати ях бастани мошинҳо дар роҳи ВМКБ- ро ба истифодаи сӯзишвории дизелии тобистона ва пастсифат рабт дод ва аз ронандагон даъват намуд. ки дар ин масир танҳо аз сӯзишвории баландсифат истифода намоянд.
Лентаи хабарҳо
0