Даҳ муҳоҷири тоҷик аз боздоштгоҳи муваққатӣ дар Маскав ба Тоҷикистон фиристода шуданд

© Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар РусияМуҳоҷирони тоҷик дар Маркази нигаҳдории муваққатии хориҷиён дар Сахарова
Муҳоҷирони тоҷик дар Маркази нигаҳдории муваққатии хориҷиён дар Сахарова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Муҳоҷирони тоҷик бо кумаки Хадамоти консулии сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба ватан фиристода шуданд.
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Хадамоти консулии сафоратии Тоҷикистон дар русия аз Маркази нигаҳдории муваққатии хориҷиён воқеъ дар деҳаи Сахарово боздид намуд. хабар медиҳад котиботи ин ниҳод.
Бар хабари манбаъ, намояндагони консулгарӣ бо мақсади шинос шудан ба шароити нигаҳдории муҳоҷирони тоҷик аз ин марказ дидан намуданд.
Ин ниҳод расман шумораи муҳоҷирони тоҷик, ки муваққатан ба далели нақзи қавонини Русия дар ин марказ қарор доранд, ифшо накард. Танҳо зикр намуд, ки намояндаи Хадамоти консулии сафорат бо роҳбари муассисаи мазкур Алексей Лагода мулоқот анҷом дод.
"Зимни мулоқот масоили марбут ба ҳуҷҷатгузорӣ ва зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида мавриди баррасӣ қарор гирифт", - омадааст дар хабарнома.
Зимнан, пас аз гуфтушунид миёни роҳбарияти марказ ва намояндаи хадамот 10 муҳоҷири тоҷик ба Тоҷикистон фиристода шуданд.
Мэр Москвы С. Собянин принял участие в открытии здания миграционного центра - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Намояндагии Вазорати меҳнат ба муҳоҷирон: Ба таҳлука наафтеду қавонини Русияро риоя намоед
Манбаъ меафзояд, намояндаи хадамот бо муҳоҷирони тоҷики дар боздоштгоҳ қарордошта низ вохӯрӣ анҷом дода, ба онҳо барои минбаъд такрор накардани қоидавайронкуниҳо вобаста ба будубош дар қаламрави русия тавсияҳо пешниҳод намуд.
Гуфта мешавад, ба муҳоҷирони тоҷик маводи ғизоӣ ва маҳсулоти мавриди ниёз тақсим карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0