Се “Помир”-ӣ: “Истиқлол” чӣ мехоҳад?

© Sputnik Тренер "Истиклол" Игорь Черевченко
Тренер Истиклол Игорь Черевченко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Эксклюзив
“Истиқлол”-и Душанбе, як клуби ҳамеша пирӯзи тамоми мусобиқоти футболи Тоҷикистон бо овардани сармураббии дигар аз хориҷ боз ба чӣ мехоҳад даст ёбад?
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Дирӯз, 18 январ, клуби “Истиқлол” – и Душанбе бо ду мураббии шинохта, ки амалан “устура”-ҳои футболи тоҷик ба ҳисоб мераванд ва корномаҳое дар футболи Русия низ ба номи худ сабт кардаанд, ҳар як Игор Черевченко ва Юрий Батуренко шартнома баст.
Муҳсин Муҳаммадиев, муовини президенти клуби футболи “Истиқлол”, низ аз “устура” – ҳои футболи тоҷик, дар маросими имзои шартнома ва муаррифии онҳо зимни як нишасти матбуотӣ аз ҳарду изҳори сипос кард, ки даъвати клубро пазируфтанд ва масъулияти раҳбарии тимро ба дӯш гирифтанд.
“Мо бо футболбозони собиқи худ созишнома мебандем. Ҳоло онҳо ба ватани худ баргаштаанд ва ба нафъи футболи Тоҷикистон кор хоҳанд кард. Ҳама талошро ба харҷ медиҳем, то вазоиферо, ки ба дӯши мо гузошта шудааст, иҷро кунем”, - гуфт Муҳсин Муҳаммадиев.

“Бачаҳои Душанбе”

Игор Черевченкои 49-сола, ки акнун сармураббии “тими асосӣ” – и футболи Тоҷикистон интихоб шуд, зодаи шаҳри Душанбе аст. Вай парвардаи “Помир” – и Душанбе буда, дар оғози даҳаи 90 – и асри гузашта аввалин қадамҳояшро дар мавқеи ҳимоягар дар футболи ҳирфаӣ низ бо ин клуб гузошт. Мисли падараш Генадий Черевченко, футболбозони маъруф, ки тамоми умр бозигари тими “Помир” буд, дар тими миллии Тоҷикистон низ бозӣ кардааст.
Игорь Черевченко стал тренером Истиклол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2023
"Ин ҷо Ватани ман аст": Игор Черевченко расман сармураббии "Истиқлол" шуд
Пас аз шуруъи ҷанги шаҳрвандӣ Игор ба Русия рафт ва ба ҳайати тими “Индустрия”, сипас, “Локомотив”, “Торпедо” ва “Алания” пайваста, соли 2002 фаъолияти футболбозии худро поён дод. Аммо аз соли 2008 дигарбора ба футбол баргашт. Аввал мураббӣ, сипас мураббии тимҳои “Локомотив”, “Балтика”, “Арсенал” ва дар ниҳоят “Химки” буд.
Вай бо “Помир” Қаҳрамони Тоҷикистон, барандаи Ҷоми Тоҷикистон ва бо “Локомотив”-и шаҳри Маскав се бор дорандаи медали биринҷӣ ва як бор нуқраи муқобиқоти қаҳрамонии Русия, дар вазифаи мураббӣ соҳиби Ҷоми Русия (2014-15) ва ҳам борҳо “Мураббии беҳтарини моҳ”-ро камоӣ кард.
Ӯ яке аз онҳоест, ки дар қатори Дмитрий Парфенов ва Сергей Семак, ҳамчун бозигар ва ҳам мураббӣ Ҷоми Русия ба даст овард. Дар Лигаи қаҳрамонони Аврупо низ Черевченко се гол задааст, ки яке ба дарвозаи “Реал” – и Мадрид буд.
“Бачаи душанбегӣ”-и дигар Юрий Батуренкои 59-сола аст, ки фаъолияти бозигариашро дар мавқеи нимҳимоягар дар тими “Пахтакор” – и Қӯрғонтеппа оғоз кард, аммо бештар бо “Помир” – и Душанбе буд ва се бозӣ ҳам дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон анҷом дод. Бо шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ Русия рафт ва то соли 1998 дар клубҳои “Локомотив”, “Тюмен” ва “Сокол” бозӣ карда, кори бозигариашро хотима бахшид. То бозгашташ ба Душанбе мураббиву ёвари сармураббӣ дар тимҳои маъруфе, назири “Локомотив” ва “Динамо” ва як муддат сармураббии “Ротор” (Волгоград) низ буд.
Вай бо “Помир” – и Душанбе унвони Қаҳрамони Лигаи аввали Иттиҳоди Шӯравӣ (1988) ва бо “Локомотив” – и Маскав дорандаи медалҳои биринҷиву нуқраии Мусобиқоти қаҳрамонии Русияро ба даст овард.
Игорь Черевченко, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
Игор Черевченко тарки “Химки” кард: "рафтан бароям осон набуд"
Юрий Батуренко бо иттифоқи Муҳсин Муҳаммадиев аз ситораҳои футболи тоҷик ба ҳисоб мераванд, ки дар танҳо сууди таърихии “Помир” – и Душанбе ба Лигаи олии Иттиҳоди Шӯравӣ саҳм доштанд. Онҳо ва ҳамчунин Игор Черевченко дар “Локомотив” – и Маскав таҳти ҳидоят ва ҳимоятҳои Юрий Сёмин, як зодаи дигари Душанбе ва аз сармураббиёни маъруфи Русия, низ хуб дурахшида буданд.
Дар нишасти матбуотие, ки дар Душанбе баргузор шуд, Игор Черевченко эътироф кард, ки вақте Муҳсин Муҳаммадиев ба Маскав омад ва ба ӯ пешниҳоди сармураббигии “Истиқлол”-ро дод, дар гирифтани тасмим ҳеҷ истиҳола накард.
“Ман аз дигар клубҳо низ даъват гирифта будам, аммо вақте ин пешниҳодро як фурсате барои адои дайни худ пеши ватан қабул кардам. Ман ин ҷо футболбозиро омӯхтам ва ба футболи калон роҳ ёфтам. Юрий Михайлович низ даъвати “Истиқлол” –ро хеле хуш пазируфт. Мо инро як имтиҳони бузурге барои худ арзёбӣ мекунем. Ку бубинем, ки чӣ кор карда метавонем. Ҳоло барои чизе гуфтан вақт ҳаст”, - гуфт ӯ.
Игор Черевченко – сармураббӣ ва Юрий Батуренко, ёвари сармураббии “Истиқлол” хоҳанд буд ва шартномаи онҳо барои як сол баста шудааст.

Боз чӣ?

“Истиқлол” аз ҷавонтарин тимҳоест, ки соли 2008 дар Лигаи аввал ва аз он ба баъд дар Лигаи олии Тоҷикистон бозӣ мекунад, аммо дар ин миён 11 бор қаҳрамон, 9 бор дорандаи Ҷом ва 10 бор дорандаи Суперҷоми кишвар шудааст. Дастовардҳои “Истиқлол” онро ба як тими бидуни рақиб дар мусобиқоти футболи Тоҷикистон табдил додааст, аммо бо ҷалби мутахассисони сатҳи баланд мехоҳад боз ба чӣ натиҷае даст ёбад?
Юные футболисты НУР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2023
Дар макотиби чор шаҳри Тоҷикистон синфҳои махсуси футбол ташкил мешаванд
Муҳсин Муҳаммадиев, муовини президенти клуб, гуфт, “Истиқлол” вазифаҳои ҷиддиеро дар пеш дорад, ки иҷрои онҳо ҳатмӣ ва аввалиндараҷа аст.
“Нахуст, мо бояд як тими амалан ҷадидро ташкил кунем. Вақте тими нав рӯи кор омад, сипас, аҳдофи мушаххасро низ пеш хоҳем гузошт”, - гуфт ӯ.
Вай ба тафсилот нарафт, аммо Игор Черевченко гуфт, як теъдоди бузурги бозигарони қаблӣ, аз ҷумла легионерҳо “Истиқлол”-ро тарк кардаанд. Вай афзуд, вақте “Истиқлол” тамоми дастовардҳоро дар футболи Тоҷикистон дорад, қадами баъдӣ Лигаи қаҳрамонони КФО (Конфедератсияи футболи Осиё, AFK) хоҳад буд, ки як мусобиқоти хеле мушкил аст.
“Ҳоло ҳама футболбозиро ёд гирифтаанд. Аммо мову Юрий Михайлович ҳаддиаксарӣ (максималист) ҳастем. Ҳар вазифаро бояд иҷро кард. Дар варзиш кори осоне вуҷуд надорад”, - афзуд ӯ.
Коршиносони варзиш низ бар ин назаранд, ки ҳадафи “Истиқлол” боло рафтан аз зинаҳои Лигаи қаҳрамонони КФО хоҳад буд, зеро дар мусобиқоти футбол Тоҷикистон ба ҳама қуллаи қобили тасаввур расида, аммо рақиби ҳамсанги худро надорад.
Таджикские футболисты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2022
Аз ту буд - аз ман шуд: натиҷаи интиқолҳои тобистонаи футбол дар Тоҷикистон
Бобо Холмуродзода, шореҳи варзиш, мегӯяд, “Истиқлол” соли сеюм аст, ки дар мусобиқоти бонуфузи Лигаи қаҳрамонони Осиё ширкат мекунад ва дастоварди бузургаш ин буд, ки соли аввал дар гуруҳ ҷойи аввалро гирифт ва ба ҳаштякфинал баромад.
“Ин як дастоварди бузург барои футболи Тоҷикистон буд, ки бо сармураббии қаблиаш Виталий Левченко ба даст овард, аммо ду соли баъд дигар комёб нашуд. Зоҳиран, вазифаи Игор Черевченко ва ҳам Юрий Батуренко бо иттифоқи Муҳсин Муҳаммадиев маҳз ин хоҳад буд, ки ин тим дар мусобиқоти Лигаи қаҳрамонони Осиё хубтар дурахшад. Ин кори як соли ду сол нест, аммо шуданӣ аст”, - гуфт Бобо Холмуродзода.
“Истиқлол” тайи даҳ соли ахир ба тиме табдил ёфтааст, ки бештар аз дигарон дар сатҳи байнулмилал Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад. Дар гузашта танҳо “Помир” – и Душанбе барои Тоҷикистон дастовардеро дар сатҳи байнулмилал, он ҳам дар мусобиқоти бонуфузи футболӣ Шӯравӣ камоӣ карда буд. Аммо се бозигаре, ки парвардаи мактаби ҳамон “Помир” – и маъруфанд, чӣ дастовардеро барои “Истиқлол” ба армуғон хоҳанд овард, пас аз як соли кори тими нави раҳбарӣ маълум хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0