Портфели - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Идомаи тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон: Раҳмон киҳоро барканору таъйин кард

© Пресс-служба Президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон на саммите ОДКБ в Ереване
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на саммите ОДКБ в Ереване - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Роҳбари давлат ба думболи иваз кардани роҳбари Вазорати меҳнат, ҳамчунин дар Хадамот ва Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ низ тағйироти кадрӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо судури чанд фармон кадрҳои Вазорати меҳнат, Хадамот ва Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро ҷобаҷо кард.
Дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар медиҳад, ки бо фармони Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Давлатзода Қиёмиддин таъйин гадид.
Давлатзода то таъйин шудан ба ин вазифа муовини директори Агентии омор буд.
Ҳамчунин бо фармони дигари президент, Баротзода Бобохон Хол аз вазифаи директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ барканор шуд. Иллати барканории Хол баромадан ба нафақа арзёбӣ шуд.
Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2023
Мушкилоти ҷойдоштаро бартараф кунед: Нахустин ҷаласаи Ҳасанзода дар вазорати меҳнат
Зимнан, ба курсии Бобохон Хол бо фармони роҳбари давлат Ашурализода Абдураҳмон такя зад.
Роҳбари давлат дар Хадамоти муҳоҷират низ тағйироти кадрӣ анҷом дод. Бо фармони ӯ, Каримзода Тоҳир сардори ин ниҳод бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа барканор шуд. Ба ҷои ӯ, Нодирзода Иматшо сардори хадамот таъйин гардид.
Қаблан. Эмомалӣ Раҳмон, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзодаро барканор ва ба ҷои ӯ Гулнора Ҳасанзодаро таъйин намуд. Ҳасанзода дар гузашта директори Агентии омор буд.
Роҳбари собиқи Вазорати меҳнат то ҳол ба ягон вазифа таъйин нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0