Аҳмадзода аз роҳбари ширкати “Carrera” хостори тақвияти ҳамкорӣ шуд

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдМулоқоти Раиси вилоят бо муассиси корхонаҳои саноатии ҶДММ "Ҷавонӣ" ва ҶДММ "САТН" Имерио Такелла
Мулоқоти Раиси вилоят бо муассиси корхонаҳои саноатии ҶДММ Ҷавонӣ ва ҶДММ САТН Имерио Такелла - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раиси вилояти Суғд дар гуфтугӯ бо роҳбари ширкати “Carrera” аз саҳми корхонаҳои саноатии “Ҷавонӣ” ва “САТН” дар рушди иқтисодиёти вилоят изҳори қаноатмандӣ кард
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Раиси вилоят Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар мулоқот бо муассиси корхонаҳои саноатии “Ҷавонӣ” ва “САТН” ва роҳбари ширкати маъруфи итолёвии “Carrera” Имерио Такелла аз ҳамкории дуҷониба ва саҳми корхонаҳои саноатии "Ҷавонӣ" ва "САТН" дар рушди иқтисодиёти вилоят изҳори назар кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Раиси вилояти Суғд дар ин мулоқот таъкид кардааст, ки корхонаҳои муштарак расо 30 сол қабл бо ҷалби сармоя аз Италия таъсис ёфта, имрӯз низ фаъолияти назаррас доранд.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар корхонаи муштараки “Ҷавонӣ” ва “САТН” ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот сол аз сол зиёд гардида, маҳсулоти истеҳсолшаванда содирот мешавад.
Тибқи омори мақомоти Суғд, агар соли 2017 дар “Ҷавонӣ” ба мабалғи 89,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида бошад, соли 2022 ба маблағи 111,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. Имрӯзҳо дар ин корхона 775 нафар кор мекунанд, ки маоши онҳо наздик 3000 сомонӣ мебошад.
Цех по производству полипропиленовых мешков в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2022
Дар Суғд даҳҳо корхона фаъолият намекунад
Дар корхонаи “САТН” бошад зиёдшавии ҳаҷми истеҳсол ба назар расида, соли 2022 дар корхона ба маблағи 108,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст. Ин дар ҳолест, ки соли 2017 дар корхона ба маблағи 59,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда буд.
Зикр гардидааст, ки дар корхонаҳои муштарак маҳсулоти тайёри дўзандагӣ ба монанди шиму нимшимаҳои мардона, занона ва бачагона истеҳсол мешаванд, ки аз 97 то 100 фоиз таркиби онҳоро пахта ташкил медиҳад.
“Маҳсулот ин ду корхона асосан ба давлатҳои Италия, Хорватия ва як миқдори муайян ба Русия содирот мегардад”,- таъкид кардааст манбаъ.
Тарафҳо зимни мулоқот аз дастгириҳои давлатӣ ёдовар шуда, барои тақвияти ҳамкориҳо дар оянда омодагии худро изҳор доштанд.
Лентаи хабарҳо
0