Касри буҷа дар Тоҷикистон дар соли 2023 бо чӣ пӯшонида мешавад

Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар Тоҷикистон касри буҷа дар соли равон 1,03 млрд сомониро мерасад. Ҳукумат бо кадом роҳ мехоҳад касрро ҷуброн кунад дар тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон бубинед
Бар асоси тарҳи тасдиқкардаи ҳукумат, тибқи тарҳи буҷаи соли 2023 даромади давлат дар соли 2023 ҳудуди 37,1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Бар асоси ин тарҳ, даромади буҷаи давлат дар соли оянда аз соли ҷорӣ ҳудуди 12,3% ва ё 4,1 млрд сомонӣ бештар мебошад.
Даромаду хароҷоти Тоҷикистон дар 3 соли оянда маълум шуд
Дар ҳамин ҳол қисмати хароҷоти буҷаи давлатӣ 38,1 млрд сомониро ташкил додаст, ки нисбати даромади пешбинишуда ҳудуди 1 млрд сомонӣ зиёд аст. Хароҷот дар соли оянда дар муқоиса бо соли ҷорӣ 13% ё ҳудуди 4,5 млрд сомонӣ зиёд мебошад.
Бар асоси тарҳи тасдиқкардаи ҳукумат, дурнамои даромади буҷа дар соли 2025 зиёда аз 43 млрду 994 млн сомонӣ дар назар аст. Касри буҷа 977 млн сомонӣ дар нақша аст.
Лентаи хабарҳо
0