Сармои маргбор дар Афғонистон: Ҷон бохтани 70 нафар бар асари сардиҳои ахир

© AP / Ivan NikiforovУчастник Международного самого холодного в мире марафона в Якутии
Участник Международного самого холодного в мире марафона в Якутии  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Вазорати мубориза бо ҳаводиси табии толибҳо аз ҷон бохтани дастикам 70 тан бар асари сармои ҳаво дар рӯзҳои ахир хабар додааст
ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Афзун бар талафоти ҷонӣ беш аз 70 ҳазор раъси дом низ бар асари сармои ҳафтаи ахир талаф шудаанд, мегӯяд раиси маркази амалиёти изтирории вазорати мубориза бо ҳаводис толибҳо Абдуллоҳ Маҳмадӣ.
Ба гуфта мақомҳои толибҳо тайи ду ҳафтаи гузашта дар бештари вилоятҳо дамои ҳаво “фавқулода” сард будааст, аз ҷумла дар вилояти Ғур дар охири ҳафта ҳарорати ҳаво ба манфии 33 дараҷа расидааст.
Тайи рӯзҳои гузашта хабарҳои нохуш аз вилоятҳои мухталифи Афғонистон дар мавриди талафоти инсонӣ ва ҳайвонии ношӣ аз сармоӣ шадид ба нашр расидааст.
Манобеи маҳаллӣ аз набуди имконоти ҳаддиақале барои муқобила бо сармо ва ҷилавгирӣ аз талафот шикоят доранд ва гуфтаанд, ки мақомҳои маҳаллии толибҳо ҳеҷ тадбире барои расидагӣ ба мушкилот надоранд.
Мальчик зимой в шапке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2023
Сармои шадид ҷони шаш кӯдакро дар Бадахшони Афғонистон гирифт
Аз сӯйи ҳам, шуморӣ аз муассисоти байналмилалӣ хадамоташонро ба далели сиёсати толибҳо дар мавриди ҳазфи занон аз ҷомеъа ба ҳолати таълиқ даровардаанд.
Ёдовари мекунем, ки имрӯзҳо Тоҷикистон кишвари ҳамсояи Афғонистон ҳам дар оғуши сармо ва бориши барфи шадид қарор гирифтааст.
Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон рӯзҳои 19 ва 20 январ дар роҳҳои минтақаи кӯҳӣ хавфи фаромадани трама зиёд аст.
КҲФ аз ҷумла роҳҳои мошингарди Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Лахш, Кӯлоб - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ - Мурғобро хатарнок арзёбӣ кард. Зеро хавфи фаромадани трама дар ин роҳҳо ниҳоят баланд аст.
Лентаи хабарҳо
0