Сарвазир: қаламрави Қирғизистон васеътар шуд

Акылбек Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раиси кобинаи вазирони Қирғизистон соли гузаштаро барои кишвараш таърихӣ унвон карда афзуд, ки қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳадди 200 ҳазор километри мураббаъ гузашт
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Қаламрави Қирғизистон то 200 ҳазору 105 километри мураббаъ васеъ карда шуд, изҳор дошт раиси кабинаи вазирони ҷумҳурӣ, Оқилбек Жапаров.
Ба гуфтаи ӯ, 2022 чун соле дар таърихи кишвар ворид хоҳад шуд, ки масоили марзӣ бо Ӯзбекистон пурра ҳал шуданд. Қаблан қаламрави Қирғизистон 199,9 ҳазор километри мураббаъро ташкил медод.
Ӯзбекистон бар асоси созиш бо Қирғизистон 4 ҳазору 485 гектар замини зери обанбори Кампир-ободро соҳиб шудаа, ба иваз Бишкек ҳамчун ҷуброн 18 ҳазор гектарро гирифтаст.
Додани обанбор ба Ӯзбекистон, ки сабаби эътирозҳо дар Қирғизистон шуда буд, ба иттилои Бишкек, аз ҷониби ҳарду кишвар истифода мегардад.
Вышка на пограничном посту Максат в Лейлекском районе Баткенской области. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2023
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
ВКХ -и Қирғизистон муҳлати ҳалли масъалаи марз бо Тоҷикистонро муайян кард
"Қаблан Ӯзбекистон ба мо дар вақташ об намедод, танҳо дар тирамоҳ медод. Қирғизҳоро ба қаламрави обанбор роҳ намедоданд. Ин дигар такрор намешавад, мо корхона месозем. Чаҳор нафар аз ҷониби Ӯзбекистон ва 4 нафар аз мо хоҳад буд", - гуфта буд КДАМ Қирғизистон.
Ин дар ҳолест, ки феълан муайянсозии сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон идома дорад.
Бишкек ва Душанбе якдилона бар ин назаранд, ки масъалаи аломатгузории марз миёни ин ду давлат бояд ҳалли худро пайдо кунад ва азм доранд, соли равон онро анҷом диҳанд.
Ҳамин тариқ, хати сарҳадии мувофиқашудаи Тоҷикистону Қирғизистон аллакай тақрибан 625 километр ё ҳудуди 63%-и дарозии онро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0