Таҳдиде ба ҷонаш нест: Назарбоев ҷарроҳӣ шуду таҳти назорат аст

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПервый президент Республики Казахстан Нурсултан Назарбаев
Первый президент Республики Казахстан Нурсултан Назарбаев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Нахустин президенти Қазоқистон дучори мушкили кори қалб шуда, дар Маркази миллии бемориҳои қалби ин кишвар бистарӣ шуда, феълан таҳти назорат қарор дорад
ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Президенти пешини Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев ҷарроҳии қалб гузаронд, хабар дод котиби матбуотияш, Айдос Укибай.
Ба иттилои манбаъ, ҷарроҳии қалби Назарбоев бомуваффақият анҷом ёфта, таҳдиде ба ҷонаш нест. Феълан нахустин президенти Қазоқистон таҳти назорати табибон қарор дорад.
"Ҷарроҳ дар Маркази илмии бемориҳои қалб таҳти роҳбарии духтури шинохтаи қалб, Юрий Пя гузаронда шуд", - афзуд котиби матбуотӣ.
Пя хатмкардаи Донишкадаи тиббии Маскав буда, аз соли 1982 то 1994 дар Қирғизистон ва баъдан дар Туркия ва тайи 12 соли охир дар Қазоқистон фаъолият дорад.
Первый президент Республики Казахстан Нурсултан Назарбаев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2023
Дахлнопазирии оилаи Назарбоев ва мақоми Элбасӣ беэътибор шуд
Маврид ба зикр аст, ки феълан Нурсултон Назарбоев 82 сол дошта, аз аввали солҳои 90-ум то соли 2019 роҳбарии Қазоқистонро ба уҳда дошта, мақоми Элбосӣ худ пешворо гирифта буд.
Вай баҳори соли 2019 аз мақоми президентӣ истеъфо дода, номзадии Қосим-Ҷомарт Тоқаевро ба мақоми президентӣ дар Қазоқистон ҷонибдорӣ намуд.
Тоқаев ислоҳотро пеш гирифта, ба қонунгузории кишвар бархе тағйирот ворид намуд. Аз ҷумла қонун дар бораи Элбосӣ аз эътибор соқит шуда, бархе ҳуқуқҳои истисноияш, аз қабили иштирок дар ҷаласаҳои ҳукумату муроҷиат ба мардум беэътибор дониста шуданд.
Дар баробари ин ҳуқуқҳои дахлнопазирии Назарбоев ҳамчун президенти собиқ ҳифз шуда, дахлнопазирии аъзои оилааш лағв гардид.
Лентаи хабарҳо
0