Тоҷикистон содироти нерӯи барқ ​​ба Ӯзбекистонро зиёд кардаст

CC0 / Pxhere / Линия электропередачи
Линия электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Масъулини барқи минтақаи Сурхондарёи Ӯзбекистон эълон доштанд, ки то 80% ва дар бархе аз навоҳӣ то 100%-и таъминоти барқ аз ҳисоби кишвари ҳамсоя амалӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Бар асари сардии шадид дар вилояти Сурхондарё дар ҷануби Ӯзбекистон дар масъалаи таъминот бо нерӯи барқ ​​мушкилот пеш омаданд, хабар додаст дафтари матбуоти "Шабакаҳои барқии минтақавӣ" ба расонаҳо.
Ба иттилои манбаъ, барои ҳалли мушкили камбуди барқ, воридоти нерӯро аз Тоҷикистон зиёд кардаанд.
Зикр шудаст, ки Тоҷикистон аз 14 ноҳияи вилояти Сурхондарё ба 9 ададаш аз тариқи хатти интиқоли барқи 500 киловаттаи Гузар-Регар нерӯи барқ интиқол медиҳад.
Расман ҷониби Тоҷикистон то ҳол дар мавриди афзоиши интиқоли нерӯи барқ ба Ӯзбекистон шарҳу иттилое ироа накардааст.
Маврид ба зикр аст, ки ҳафтаҳои охир кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро сармои шадид фаро гирифта, дар масоили таъминот бо нерӯи барқ, обрасонӣ ва нақлиёт бархе мушкилот эҷод кардааст.
Хуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2023
Чаро дар Тоҷикистон лимити барқро аз байн бурданду, мушкилот сар зад?
Дар шароити сардиҳо президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки маҳдудияти интиқоли барқ дар навоҳии ҷумҳурӣ, ки солҳо боз дар фасли сармо роҳандозӣ мегардад, пеш аз муҳлат бардошта шавад.
Масъулини "Барқи тоҷик" аз иҷрои дастури раисҷумҳур хабар доданд, аммо сокинон изҳор доштанд, ки мушкилот дар барқрасонӣ ҳамоно ҷой дорад.
Дар робита ба бардоштани маҳдудиятҳои барқӣ ​​ширкати “Барқи тоҷик” аз аҳолӣ хостааст, ки нерӯи барқро сарфакорона истифода баранд, аз ҷумла дастгоҳҳои барқии каммасрафро истифода намоянд.
Ин дар ҳолест, ки дар аксари шаҳрҳои Тоҷикистон нерӯи барқ ягона манбаи равшанию гармӣ боқӣ монда, танҳо Душанберо қисман марказҳои гармидиҳӣ таъмин мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0