Дар Ҳисор ду кӯдак зери яхи рӯди Хонақоҳ фурӯ рафтанд

© Sputnik Река в Душанбе
Река в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ин ду кӯдак хоҳару бародар буда, бо кумаки ҳамсояҳо писарбача наҷот ёфт, вале хоҳари 16- солаи ӯ зери ях ҷон бохт
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Дар шаҳри Ҳисор ҳодисаи даҳшатбор рух дод, хабар медиҳад дафтари мабуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Бар хабари манбаъ, ду кӯдак аз як хонаводаи деҳаи Гаҷаки ҷамоати деҳоти Деҳқонобод зимни убур кардани дарёи Хонақоҳ сарозер шуданд.
Ин рӯд бинобар сардиҳои шадид ях баста буд ва кӯдакон хостанд аз болои он гузаранд, ки дар натиҷа ҳар ду зери яхх фурӯ рафтанд.
КҲФ тавзеҳ дод, ки бо талоши ҳамсояҳо бачаи 7-сола аз даруни об зинда берун оварда шуд, вале хоҳари 16- солааш ғарқ шуд ва ҷасади ӯро 30 метр поинтар аз маҳалли ҳодиса пайдо намуданд.
Туман в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2022
Ҳушдори КҲФ аз меғи ғафс, тарма ва яхбандӣ: тавсияҳо барои ронандагон
Дар ин росто, КҲФ аз шаҳрвандон даъват намуд, ки дар ҳавои сард, ки боиси ях бастани рӯду каналҳо гардид, кӯдакноро ба ҳеҷ ваҷҳ беназорат нагузоранд.
"Ҳатман фарзандонатонро аз хатарҳои эҳтимолии гузаштан аз оби рӯду кӯлҳо, ки қабати начандони ғафси яхӣ доранд, огоҳ намоед", - даъват мекунад кумита.
Лентаи хабарҳо
0