Коршинос гуфт, чаро Ғарб дар мавриди интиқоли танкҳо ба Киев созиш карда натавонист

Обуна шудан
НовостиTelegram
Вохӯрии намояндагони кишварҳои ғарбӣ дар пойгоҳи Рамштайн барои Киев бефоида набуд, аммо масъалаи асосӣ ҳалношуда боқӣ монд.
Сиёсатмадорон ва низомиён дар мавриди интиқоли танкҳои Олмон ба Украина ба мувофиқа нарасиданд. Дар ин бора Дмитрий Корнев, коршиноси низомӣ ва муаллифи лоиҳаи MilitaryRussia дар мусоҳиба бо Sputnik ибрози назар кардааст.
"Аз вохӯрӣ дар Рамштайн ҳама интизори ҳалли масъалаҳои танкҳо, пеш аз ҳама масъалаи таъмини "Леопард-2" буданд. Хуб, воқеан роҳи ҳал ҳаст - танкҳо оварда намешаванд. Ҳадди ақал ҳоло", - гуфт таҳлилгар.
Аммо ба гуфтаи коршинос, раҳбарияти НАТО то ҳол бовар дорад, ки ин масъала баста нашудааст ва баҳсҳо идома хоҳанд ёфт.
Артиши Украина маркази савдо ва дорухонаи Донетскро гулӯлаборо кард - видео
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар Брюссел ҷаласаи Кумитаи низомии НАТО дар сатҳи сарони ситоди кулли 32 кишвар (аз ҷумла номзадҳо - Шветсия ва Финландия) баргузор шуда буд.
Таваҷҷӯҳ ба рӯзномаи зидди Русия, таъмини силоҳ ба режими Киев, инчунин амалиёти бисёрсоҳавӣ, трансформатсияи рақамӣ ва ҳамкории нерӯҳои низомӣ буд.
Лентаи хабарҳо
0