Рақиби Фаридун Одилов дар лигаи АСА маълум шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешБоец Фаридун Одилов на Fight Nights Global Global 71, архивное фото
Боец Фаридун Одилов на Fight Nights Global Global 71, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2023
Обуна шудан
Нахустин задухӯрди Терминатори тоҷик дар доираи Лигаи мутлақи Қаҳрамонии Ахмат дар Қазон баргузор мешавад ва рақиби ӯ размикор аз Русия хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Паҳлавони тоҷик Фаридун Одилов дар Лигаи Қаҳрамонии мутлақ қувваозмоӣ мекунад.
Дар ҳошияи вохӯрӣ дар вазни сабук размикори тоҷик бо варзишгари рус Элмар Ҳасанов қувваозмоӣ мекунад. Ин мубориза рӯзи 27 январ дар Қазон баргузор мешавад.
Қаблан варзишгар бо лигаи АСА барои 6 набард шартнома баст.
Набарди қаблии Одилов моҳи декабри соли 2021 дар мусобиқаи Eagle FC 43 баргузор шуд. Терминатори тоҷик он замон рақиби худ Энох Солвес Торресро бо нокаути техникӣ шикаст дод.
Варзишкори тоҷик Фаридун Одилов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2022
Фаридун Одилов бо ташкилоти ACA шартнома баст
Феълан дар фаъолиятии варзишии Одилов 12 пирӯзӣ сабт шудааст, ки 10-тои онро қабл аз муҳлат ба даст овард. Ҳамчунин ӯ 2 маротиба ба рақибони худ бохт ва ду дафъаи дигар рақобатро бо ҳисоби мусовӣ анҷом дод.
Ҳоло бошад 6 набарди ахири ӯ бидуни бохт анҷом ёфтааст.
Зимнан, моҳи декабри соли ҷорӣ ӯ мебоист бо Даурен Ермекови қазоқ қувваозмоӣ мекард, аммо ин мубориза лағв шуд. Иллати лағв шудани набард вазни барзиёди Одилов боис шуд.
Лентаи хабарҳо
0